СММ: “Тирамоҳ шумори аҳолии ҷаҳон ба 8 млрд нафар мерасад”

Тибқи маълумоти таҳлилгарони Созмони Милали Муттаҳид, то 15 ноябри соли равон шумори аҳолии сайёраи Замин ба 8 млрд нафар мерасад. Натиҷаҳои гузориши World Population Prospects 2022 ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии нуфуси аҳолӣ, ки 11 июл таҷлил мегардад, дар сомонаи расмии Созмон нашр шудаанд. Дар гузориш масалан пешгӯӣ шудааст, ки соли минбаъдаи 2023-ум Ҳиндустон аз лиҳози […]

Тибқи маълумоти таҳлилгарони Созмони Милали Муттаҳид, то 15 ноябри соли равон шумори аҳолии сайёраи Замин ба 8 млрд нафар мерасад.

Натиҷаҳои гузориши World Population Prospects 2022 ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии нуфуси аҳолӣ, ки 11 июл таҷлил мегардад, дар сомонаи расмии Созмон нашр шудаанд.

Дар гузориш масалан пешгӯӣ шудааст, ки соли минбаъдаи 2023-ум Ҳиндустон аз лиҳози шумори аҳолӣ аз Чин пеш гузашта, сераҳолитарин кишвар дар саросари дунё хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти СММ, айни замон шумори аҳолии сайёра бо суръати аз ҳама сусттар аз соли 1950 зиёд мешавад: соли 2030 он ба 8,5 млрд нафар ва соли 2050 – то ба 9,7 млрд нафар мерасад.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки афзоиши шумори аҳолии ҷаҳон солҳои 2080-ум ба авҷи худ – то 10,4 млрд нафар расида, то соли 2100 дар ҳамин сатҳ боқӣ мемонад.

Ёдрас мекунем, ки то 1 апрели соли 2022 шумори аҳолии доимии ҷумҳурӣ 9 млн 934,4 ҳазор нафарро ташкил дод. То 1 январи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 9 млн 890,9 ҳазор нафар баробар буд. Агар афзоиши шумори аҳолии ҷумҳурӣ бо ҳамин суръат идома ёбад, аллакай нимаи дуюми моҳи августи ҳамин сол шумори аҳолии Тоҷикистон ба 10 млн нафар мерасад.

Байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон аз лиҳози афзоиши шумори аҳолӣ пешсаф аст. Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, давоми 30 сол шумори аҳолии кишвар 76,6% зиёд шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.