ИМА Тоҷикистонро ба рӯйхати таҳвилгарони имконпазири маҳсулоти “таҳримшуда” ба Русия шомил кард

Вазорати молияи ИМА Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое, ки тариқи онҳо молу маҳсулоти таҳримшуда метавонанд ба Русия ва Беларус интиқол дода шаванд, шомил кард. Дар рӯйхате, ки аз ҷониби Шабакаи мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ (FinCEN) ва  Дафтар (Бюро)-и саноат ва амният (BIS)-и Вазорати молияи ИМА тартиб дода шудааст, 18 кишвар зикр шудаанд: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, […]

Вазорати молияи ИМА Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое, ки тариқи онҳо молу маҳсулоти таҳримшуда метавонанд ба Русия ва Беларус интиқол дода шаванд, шомил кард.

Дар рӯйхате, ки аз ҷониби Шабакаи мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ (FinCEN) ва  Дафтар (Бюро)-и саноат ва амният (BIS)-и Вазорати молияи ИМА тартиб дода шудааст, 18 кишвар зикр шудаанд: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Бразилия, Гурҷистон, Ҳиндустон, Исроил, Чин, Мексика, Никарагуа, Сингапур, Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Тайван, Туркия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ.

Дар маълумоти Вазорати молия гуфта мешавад, дар баъзе ҳолатҳо маҳсулоти зери таҳрим қарордошта метавонанд қонунӣ ба ин ё он кишвар ба сифати ашёи хом барои истеҳсоли дигар маҳсулот содир карда шаванд. Лекин содироти минбаъдаи маснуот ва маҳсулоти тайёр ба Русия ё Беларус метавонад манъ карда шавад, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Фергана”.

BIS як қатор чораҳои қатъии назорати содиротро ҷорӣ намуд, ки дастрасии Русияро ба технология ва маҳсулоти муайн барои роҳандозии амалмиёти ҳарбӣ дар Укарина аз 24 феврали соли 2022 маҳдуд месозанд. Ин тадбирҳои назорат, пеш аз ҳама ба бахшҳои мудофиа, соҳаи аэронавигатсия ва кайҳон, фаъолияти баҳрии Русия равона гардидаанд.

Онҳо инчунин ҳадафҳои дигарро, аз қабили маҳдудиятҳо дар бахшҳои тавлиди энергия дар Русия, молҳои айшу фароғат, ки баргузидаҳо (элита)-и Русия аз он истифода мебаранд, дар бар мегиранд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки ИМА таҳримҳо нисбат ба Беларусро дар посух ба кумаки қобили мулоҳизааш ба талошҳои низомии Русия ҷорӣ кард.

Назорати нав барои содирот, интиқоли дубора (реэкспорт) ба Русия ва ҳамлу нақли дохилии молҳое, ки барои Русия пешбинӣ шудаанд ва аз ҷониби баъзе корхонаҳои ИМА дар хориҷа истеҳсол карда мешаванд, маҳдудиятҳои ҷиддӣ ҷорӣ мекунанд.

Ба таҷҳизоте, ки барои ҳадафҳои ҳарбӣ истифода бурда мешавад, нигаронии бештар изҳор мешавад.  Ин ҷо дар бораи қисмҳои эҳтиётӣ барои ҳавопаймоҳо, низомҳои гидроакустикӣ, моҳвораҳо (антеннаҳо), низомҳои GPS, таҷҳизоти конҳои истихроҷи нафт ва дигар молу маҳсулот сухан меравад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.