Чаро доллар арзон шуду нархи маҳсулот не? Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабабашро гуфт

Хадамоти зиддиинҳисории кишвар сабаби болоравии нархи маҳсулотро ба афзоиши нархи харид дар кишвари истеҳсолкунанда ва гаронии таҳвили он рабт дод. "Масалан, аз рӯйи коҳиши қурби асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ арзиши аслии 1 тонна гандум 869 сомонӣ паст гардида бошад ҳам, нархи хариди он дар кишвари истеҳсолкунанда 1 ҳазору 15 сомонӣ гарон шуд" – […]

Хадамоти зиддиинҳисории кишвар сабаби болоравии нархи маҳсулотро ба афзоиши нархи харид дар кишвари истеҳсолкунанда ва гаронии таҳвили он рабт дод.

"Масалан, аз рӯйи коҳиши қурби асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ арзиши аслии 1 тонна гандум 869 сомонӣ паст гардида бошад ҳам, нархи хариди он дар кишвари истеҳсолкунанда 1 ҳазору 15 сомонӣ гарон шуд" – иброз дошт Қурбонзода Сафаралӣ, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ 13 июл дар нишасти матбуотӣ.

Ӯ илова намуд, ки ин раванд дар дигар намуди маҳсулот, ба мисли равғани растанӣ, шакар, сӯзишворӣ ва ғайра низ дахл дорад.

Қурби расмии доллар нисбат ба сомонӣ аз аввали соли ҷорӣ 7,2% – аз 11,3000 сомонӣ барои 1 доллар дар санаи 1 январ то имрӯз, 13 июл ба 10,4898 сомонӣ поин рафт.

Қурбонзода иброз дошт, ки Қазоқистон яке аз содиркунандагони калидии маҳсулоти орд ва гандум (97,9%) ба ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, нархи гандуми содиротии ин кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 245-250 доллар то 380-405 доллар афзоиш ёфтааст.

“Воридоти гандум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,2% ва шакар 24,6% коҳиш ёфтааст, ки ин далели дигаре барои болоравии арзиши орду шакар бошад”, – афзуд ӯ.

Тибқи иттилои Агентии омори кишвар дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ аз маҳсулоти озуқаворӣ  қанд (шакар) – 9,61% ва маснуоти нонӣ ва ярма (крупа) – 13,9% гарон шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз Қазоқистон тибқи квота гандум мегирад ва дар семоҳаи аввали соли 2022 аз ин кишвар 175,8 ҳазор тонна гандум ворид кардааст. Тоҷикистон ҳамасола аз Қазоқистон ҳудуди 1 миллион тонна гандум мехарид ва имсол воридоти ғалла аз ин кишвар метавонад ҳудуди 20 дарсад коҳиш ёбад.

Ин дар ҳоле, ки Қазоқистон аз 8 июл барои содироти гандум, орд ва тухми офтобпараст ба ҳамаи кишварҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст, ки то 30 сентябр амал мекунад.

Сабти пурраи нишасти матбуотиро инҷо тамошо кунед:

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.