Бинои асосии Донишгоҳи тиббӣ имсол ба истифода дода мешавад

Бинои асосии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли равон ба истифода дода мешавад. Дар ин бора ректори ДДТТ Маҳмадшоҳ Гулзода зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод. Ба таъкиди ректор, иншоот аз се бинои 9 ва 4-ошёна иборат буда, дар бинои асосӣ бунёди толори маҷлисӣ барои 1680 ҷойи нишаст ва ошхонаи […]

Бинои асосии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли равон ба истифода дода мешавад. Дар ин бора ректори ДДТТ Маҳмадшоҳ Гулзода зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод.

Ба таъкиди ректор, иншоот аз се бинои 9 ва 4-ошёна иборат буда, дар бинои асосӣ бунёди толори маҷлисӣ барои 1680 ҷойи нишаст ва ошхонаи замонавии дуошёна барои 600 ҷойи нишаст барои омӯзгорону донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст.

«Ҳоло дар атрофи биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо корҳои сохтмонӣ ва таъмиру ободонӣ идома доранд», – афзуд Маҳмадшоҳ Гулзода.

Ёдовар мешавем, ки 28 апрели соли 2017 президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони бинои асосии таълимӣ оғоз бахшида буданд.  Бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар шаҳраки «Шифобахш», воқеъ дар хиёбони Абӯалӣ ибни Синои пойтахт ҷойгир мебошад.

Маблағи умумии сохтмони бинои асосӣ аз руи ҳисоби пешакӣ 85 ммлн 416 ҳазор сомониро ташкил дода буд.

Гуфта мешавад, ки дар бинои асосӣ толори маҷлисгоҳ, синфхонаҳо, китобхона бо толори хониш, инчунин синфхонаҳои хурд пешбинӣ шудааст. Дар назди даромадгоҳи асосии донишгоҳ муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино гузошта шудааст.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи бинои асосӣ аз ташхиси давлатии бинокорӣ гузаштааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.