Ҷаримаи ронандагон барои пахши гулу буттаҳои ороишӣ

Милитсияи пойтахт ду нафар ронандаро барои дар роҳи пиёдагарди назди бинои истиқоматӣ бе назорат гузоштани автомашина ҷарима кардаст. Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, ҷаримаи ронандагон дар асоси муроҷиат ва ирсоли акси автомашина аз сӯи шаҳрвандон сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи санҷиш, маълум шуд, ки  шаҳрванд Аслидин Ҷалилов, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камрӣ», […]

Милитсияи пойтахт ду нафар ронандаро барои дар роҳи пиёдагарди назди бинои истиқоматӣ бе назорат гузоштани автомашина ҷарима кардаст.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, ҷаримаи ронандагон дар асоси муроҷиат ва ирсоли акси автомашина аз сӯи шаҳрвандон сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи санҷиш, маълум шуд, ки  шаҳрванд Аслидин Ҷалилов, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камрӣ», нақлиёти худро дар роҳи пиёдагарди назди бинои истиқоматӣ бе назорат гузошта, монеи ҳаракати шаҳрвандон гардидааст. 

Ба ҳамин монанд, Манучеҳр Шарипов, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота», гулу буттаҳои ороиширо зер намуда, нақлиёти худро дар назди бинои истиқоматӣ, бе назорат гузоштааст, ки ба равуои сокинони бино халал расонидааст.

Бояд гуфт, ки бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба ҳар ду ронанда барои таваққуф кардан ва бозистодани воситаҳои нақлиёт дар минтақаҳои истиқоматӣ тибқи талаботи моддаи 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ба ронандагон барои ин кирдорашон огоҳии ҷиддӣ дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.