Сироҷиддин Муҳриддин хостори таҳияи рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ дар доираи СҲШ шуд

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханрониаш дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ пешниҳод кардаст, ки дар доираи СҲШ рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ, ифротӣ ва сепаратистӣ таҳия карда шавад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳамчунин, аз тавсеа додани ҳамоҳангсозии […]

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханрониаш дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ пешниҳод кардаст, ки дар доираи СҲШ рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ, ифротӣ ва сепаратистӣ таҳия карда шавад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳамчунин, аз тавсеа додани ҳамоҳангсозии мавқеъҳои сиёсати хориҷӣ дар қолаби “ҳаштгона” ва аҳамияти ҳамкориҳои сиёсӣ дар доираи СҲШ таъкид кардаст.

– Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронӣ ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақаи СҲШ тамаркуз намуда, азми Тоҷикистонро ҷиҳати афзоиши саҳмгузорӣ дар талошҳои дастаҷамъона дар ин самт таъкид кард, – хабар медиҳад ВКХ.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин ба аҳаммияти дастгирии ташаббусҳо, ки тақвияти муҳтавои рӯзномаи иҷтимоию иқтисодии СҲШ, инчунин ҳамбастагии стратегияҳои миллӣ барои рушди устувор ва тараққиёти минтақа равона гардидаанд, ишора кардааст.

Ӯ дар ин замина, аз пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси таҳия ва қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 ёдовар шудааст.

Зимни вохӯрӣ ҳамчунин, раванди омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки 15-16 сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, инчунин лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ҳуҷҷатҳоеро, ки ҷиҳати ба имзо расонидан дар натиҷаи саммити дарпешистода пешниҳод карда мешаванд, баррасӣ намуд.

Вазирони корҳои хориҷии аъзои СҲШ ҳамчунин, раванди музокиротро оид ба дархости давлатҳо барои касби мақоми узвият дар СҲШ-ро муҳокима карданд.

Интизор меравад, дар нишасти навбатии СҲШ дар Самарқанд Эрон ба узвияти ин созмон пазируфта шавад.

Эрон, ки аз соли 2012 мақоми нозирро дар созмон дорад, ҳанӯз соли 2008 дар бораи қабул ба ҳайати созмон ба сифати узви комилҳуқуқ дархост пешниҳод намуд, лекин гуфта мешуд, ки яке аз мухолифони пайвастани Эрон ба ин созмон Тоҷикистон аст.

Ҳамин тариқ, баъди сардии чандсола байни ду кишвар, моҳи сентябри соли гузашта баъди розигии Тоҷикистон номзадии Эронро сарони кишварҳои узви созмон дастгирӣ карданд.

ВКХ Тоҷикистон мегӯяд, аз натиҷаи ҷаласаи Шӯрои вазирон дар Тошканд 16 қарор ба имзо расид.

Ҳамчунин, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ-ро раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қабул кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.