Раиси Хатлон аз мақомот хост, барои 100-200 сомонӣ ҷавононро ба маҳкама накашанд

Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон ба суоли хабарнигорон вобаста доғи судӣ гирифтани ҷавонон изҳори назар кард ва гуфт, бояд бештар дар самти пешгирии ҷиноят корбарӣ кард. “Масъалагузории хабарнигорон дуруст аст. Бубинед вақте мутахассисро ба кор қабул карданӣ мешавем, аввалин ҳуҷҷате, ки талаб мекунем ин доғи судӣ доштан ё надоштанаш аст. Доғи судиро бардоштан чӣ қадар […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон ба суоли хабарнигорон вобаста доғи судӣ гирифтани ҷавонон изҳори назар кард ва гуфт, бояд бештар дар самти пешгирии ҷиноят корбарӣ кард.

“Масъалагузории хабарнигорон дуруст аст. Бубинед вақте мутахассисро ба кор қабул карданӣ мешавем, аввалин ҳуҷҷате, ки талаб мекунем ин доғи судӣ доштан ё надоштанаш аст. Доғи судиро бардоштан чӣ қадар мушкил аст ва чӣ қадар вақтро талаб мекунад. Дар ин масъала Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрияшон бо фаъолони вилояти Хатлон моҳи феврали соли равон низ эрод гирифта буданд. Набояд барои 100-200 сомонӣ ё як ҷиноятҳои ночиз ҷавононро ба маҳкама кашем. Мо бояд онҳоро тарбия кунем”, – гуфт раиси вилоят.

Қурбон Ҳакимзода аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят хоҳиш кард, ки дар ин самт корбарӣ кунанд ва ин эродҳоро ба назар бигиранд.

Ҳамчунин Қурбон Ҳакимзода илова кард, ки баъди эродҳои Эмомалӣ Раҳмон сатҳи ҷинояткорӣ дар вилоят беш аз 700 ҳолат кам шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.