Нигаронии раиси Кумитаи ҷавонон аз рафтани духтарон аз варзиш

Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар аз рафтани духтарони ҷавон аз соҳаи варзиш изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, маҳз менталитети мардум омили аслии ин раванд аст. Ӯ, ки имрӯз, 29 июл дар ҳузури журналистон суҳбат мекард, афзуд, мутаассифона, аксарияти  духтароне, ки дар мактаб ва толорҳои варзишӣ тамрин мекунанд, на фақат баъди […]

Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар аз рафтани духтарони ҷавон аз соҳаи варзиш изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, маҳз менталитети мардум омили аслии ин раванд аст.

Ӯ, ки имрӯз, 29 июл дар ҳузури журналистон суҳбат мекард, афзуд, мутаассифона, аксарияти  духтароне, ки дар мактаб ва толорҳои варзишӣ тамрин мекунанд, на фақат баъди шавҳар кардан, балки бисёриҳо баъди хатми синфи 11 аз ширкат дар чорабиниҳои варзишӣ даст мекашанд.

– Вақте ба мактабҳои варзишӣ меравем, мебинем, ки шумораи духтарҳои синни аз 13 то 17-солае, ки ба варзиш машғуланд, бамаротиб камтар аст. Яъне падару модарон духтаронашонро дар он марҳалае ба мактаб ва толорҳои варзишӣ медиҳанд,  ки онҳо нисбатан хурданд. Вақте, ба балоғат мерасанд, бо назардошти он ки гӯё духтар бояд ба марҳалаи дигари ҳаёташ, ба мисли шавҳаркунӣ, хондан омодагӣ бинад, фарзандони худро мегиранд, – нигаронӣ кард ӯ.

Номбурда ҳамчунин, афзуд, дар баробари ин ҳастанд нафароне, ки то ба охир духтарони худро ба варзиш ҷалб мекунанд ва ҳастанд, онҳое, ки баъди шавҳар кардан низ ба варзиш машғуланд.

Абдуллозода гуфт, онҳо дар самти ҷалби духтарони ҷавон ва ё занон ба чорабиниҳои оммавии варзишӣ корҳои муайянеро ба сомон расондаанд, ки мисоли ин ширкати занону духтарони зиёде дар машқҳои пагоҳӣ аст.

– Мо дар ин чаҳорчӯба нақшаҳои муайян ва мушаххаси ҷалби духтарони ҷавон ва занон ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дорем. Аз ҷумла, байни кормандони корхонаву муассисаҳо ва ташкилоту идораҳо мусобиқаи волейбол доир мекунем, – гуфт Абдуллозода.

Номбурда иттилоъ дод, ки имрӯз, аз 102 ҳазор варзишгаре, ки дар мактабҳо ва толорҳои варзишӣ машқ мекунанд, 14 ҳазору 357 нафари онҳоро зану духтар ташкил медиҳанд, ки ин нисбат ба солҳои пеш аз 2 то 4 фоиз зиёд аст.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар гуфт, кумита айни ҳол, дар доираи се барнома –  Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон”, “Барномаи давлатии рушди иҷтимоии ҷавонон” ва “Барномаи давлатии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Ӯ афзуд, ду барномаи дигар, – “Барномаи рушди волонтёрӣ дар Тоҷикистон” ва “Барномаи тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва  ҳувияти миллии ҷавонон барои марҳилаи солҳои минбаъда” дар омӯзиши ҳукумати кишвар қарор дорад ва баъди қабул шудан мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.