Дар Олимпиадаи Ҳиндустон се шоҳмотбози тоҷик меъёрҳои устоди байнулмилалиро иҷро карданд

Аз рӯи натиҷаҳои Олимпиадаи шоҳмот дар Ҳиндустон се шоҳмотбози Тоҷикистон меъёрҳои унвони устоди байнулмилалиро иҷро карданд. Дар мусобиқа байни занон Надежда Антонова аз 10 холи имконпазир 8 имтиёз гирифта, тавонист, ки меъёри Устоди байнулмилалиро байни занон (WIM) иҷро кунад. Дараҷаи устодии FIDE-ро инчунин Ҷалолиддан Илҳомии 14-сола ва Меҳриддин Шарифови 17-сола низ иҷро карда, дар ҳисоби […]

Аз рӯи натиҷаҳои Олимпиадаи шоҳмот дар Ҳиндустон се шоҳмотбози Тоҷикистон меъёрҳои унвони устоди байнулмилалиро иҷро карданд.

Дар мусобиқа байни занон Надежда Антонова аз 10 холи имконпазир 8 имтиёз гирифта, тавонист, ки меъёри Устоди байнулмилалиро байни занон (WIM) иҷро кунад.

Дараҷаи устодии FIDE-ро инчунин Ҷалолиддан Илҳомии 14-сола ва Меҳриддин Шарифови 17-сола низ иҷро карда, дар ҳисоби шахсӣ дар 9 бозӣ ҳар кадоме 6 хол ба даст оварданд.

 

Дар даври охири Олимпиада мунтахаби мардон ва занони Тоҷикистон бозиро мутаносибан бо Ирландия ва Боливия мусовӣ – 2:2 анҷом доданд.

Дар ҳисоби даставӣ мунтахаби мардони Тоҷикистон байни 186 даста зинаи 67-ум ва мунтахаби занон миёни 162 даста – мақоми 77-умро ишғол намуданд.

Дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Ҳиндустон бори нахуст дастаи Ӯзбекистон ғолибият ба даст оварда, зинаи дуюму сеюмро Арманистон ва Ҳиндустон касб карданд.

Мунтахаби Ӯзбекистон ягона дастаест, ки ягон бозии Олимпиадаро дар Ҳиндустон набохтааст.

Қобили зикр аст, ки Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнаии Ҳиндустон 28 июл оғоз гардида, имрӯз ба охир мерасад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.