Ба вазир 3 ҳазор, ба раиси Данғара 20 ҳазор сомонӣ тақдим гардид

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ҷаласаи соҳаи маорифи вилояти Хатлон аз ҷониби Қурбон Ҳакимзода, раиси ин вилоят бо нишони сарисинагии “Омӯзгори ифтихории Хатлон” ва маблағи 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Қурбон Ҳакимзода, 19 августи соли равон, зимни ин ҷаласа ба ду нафар сардори раёсати маорифи вилоят ва чанд нафар омӯзгорони собиқадори […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ҷаласаи соҳаи маорифи вилояти Хатлон аз ҷониби Қурбон Ҳакимзода, раиси ин вилоят бо нишони сарисинагии “Омӯзгори ифтихории Хатлон” ва маблағи 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.

Қурбон Ҳакимзода, 19 августи соли равон, зимни ин ҷаласа ба ду нафар сардори раёсати маорифи вилоят ва чанд нафар омӯзгорони собиқадори вилоят низ нишони сарисинагии “Омӯзгори ифтихории Хатлон”-ро тақдим намуд.

Инчунин,  Қурбон Ҳакимзода ба Раҳмон Исломиддин Хайриддин раиси ноҳияи Данғара ҷоизаи “Парчами сайёри ғолиб” – ро тақдим кард. Мукофоти ҷоизаи мазкур 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ғазалшо Сафарзода, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон гуфт, нишони сарисинагии “Омӯзгори ифтихории Хатлон” бо қарори раиси вилоят моҳи июли соли 2022 таъсис дода шуда, он барои қадршиносии собиқадорон ва омӯзгорони пуртаҷрибаи соҳаи маориф тақдим карда мешавад.

Ҷоизаи “Парчами сайёри ғолиб” ҳам моҳи июли соли равон таъсис ёфта, барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф ва самаранок амалигардонии барномаҳои соҳа равона шудааст. Ҳайати кумитаи тадорукоти аз рӯйи 33 номинатсия баҳогузорӣ мекунанд ва соли ҷорӣ ноҳияи Данғара бо 255 хол сазовори ҷойи аввал гардид.

Ҳамчунин, зимни чорабинӣ раиси вилояти Хатлон ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, муаллимони фаъол, фаъолони соҳа, волидайни хонандагони ғолиб ифтихорномаю сипосномаҳои раиси вилоят ва мукофотҳои пулӣ тақдим кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.