Обуҳаво дар Тоҷикистон каме хунук мешавад

То 24 август обуҳаво дар Тоҷикистон нисбатан хунук мешавад. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон 5-7 дараҷа поинравии ҳароратро дар ин рӯзҳо пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқи кишвар борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ин рӯзҳо дар Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 16-18 ва рӯзона 34-36 дараҷа гарм мешавад. Дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ обуҳавои камабри […]

То 24 август обуҳаво дар Тоҷикистон нисбатан хунук мешавад. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон 5-7 дараҷа поинравии ҳароратро дар ин рӯзҳо пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқи кишвар борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Ин рӯзҳо дар Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 16-18 ва рӯзона 34-36 дараҷа гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ обуҳавои камабри тағйирёбанда дар назар буда, ҳарорат шабона дар водиҳо 14-19 ва рӯзона 31-31 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо шабона 8-13 ва рӯзона 26-31 дараҷа гармро ташкил хоҳад дод.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳарорат шабона 15-17 ва рӯзона 33-35 дараҷа гарм шуда, ба сурати умум дар водиҳои вилояти Суғд ҳарорат 12-17 ва рӯзона 30-35 дараҷа, дар кӯҳҳо шабона 5-10 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ин минтақа ҳавои бебориш ва абрнок пешбинӣ мешавад.

Дар шаҳри Бохтар ҳаво гармтар – шабона 17-19 ва рӯзона 35-37 дараҷа гарм мешавад. Ба сурати умум дар водиҳои вилояти Суғд обуҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат 15-20 ва рӯзона 32-37 дараҷа, дар доманакӯҳҳо шабона 13-18 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад. Дар ин минтақаи ҷануб чангу ғубор ба мушоҳида мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, обҳавошиносон имрӯз, 22 август борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мекунанд. Рӯзҳои дигар ҳам боришот дар назар аст, лекин начандон ба таври назаррас.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.