Ширкатҳои Қазоқистону Корея ба сохтмони роҳҳо дар вилояти Суғд ва ВМКБ машварат медиҳанд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори филиали ширкати ISAN дар Алма-ато Джон Хи Де аз ҷониби  ширкатҳои муштараки ISAN Corporation + М50 Consulting Group рӯзи 18 августи соли равон Қарордод оид ба хизматрасониҳои машваратӣ ҷиҳати назорати корҳои сохтмонӣ дар вилояти Суғд ва ВМКБ- ро ба имзо расонданд. Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ […]

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори филиали ширкати ISAN дар Алма-ато Джон Хи Де аз ҷониби  ширкатҳои муштараки ISAN Corporation + М50 Consulting Group рӯзи 18 августи соли равон Қарордод оид ба хизматрасониҳои машваратӣ ҷиҳати назорати корҳои сохтмонӣ дар вилояти Суғд ва ВМКБ- ро ба имзо расонданд.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, он дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” амалӣ хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” дар ВМКБ сохтмони пул аз болои дарёи Ғунд воқеъ дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бо дарозии 200 метр ва сохтмони роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 км ва сохтмони роҳи автомобилгард дар мавзеи Барсем бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони ду долони зиддитармавӣ бо дарозии умумии 840м (290м+550м) ва сохтмони як пул бо дарозии 82,3м пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, инчунин, дар ҳудуди вилояти Суғд азнавсозӣ ва таҷдиди қитъаҳои роҳҳои автомобилгард бо дарозии умумии 51,2 км ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла (I) Таҷдиди қитъаи Куруш – Бекобод бо дарозии – 12,3 км; (II) Таҷдиди қитъаи Деҳмой – Б.Ғафуров бо дарозии – 22,0 км; (III) Азнавсозии қитъаи Б.Ғафуров – Хистеварз бо дарозии 6,6 км; (IV) Азнавсозии қитъаи Конибодом – Кучкак бо дарозии 10,3 км.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.