Сироҷиддин Муҳриддин бо Энтони Блинкен аз таҷовузи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон гуфт

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Энтони Блинкен, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Вашингтон вазъи кунунӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба иттилои ВКХ-и Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқоти дирӯза, 27-уми сентябр, перомуни аҳаммияти платформаи “С5+1” барои минтақа ҳам гуфтушунид кардаанд. Гуфта мешавад, ки платформаи “C5+1” соли 2015 барои баррасии масъалаҳои […]

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Энтони Блинкен, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Вашингтон вазъи кунунӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иттилои ВКХ-и Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқоти дирӯза, 27-уми сентябр, перомуни аҳаммияти платформаи “С5+1” барои минтақа ҳам гуфтушунид кардаанд.

Гуфта мешавад, ки платформаи “C5+1” соли 2015 барои баррасии масъалаҳои минтақавӣ таъсис дода шуда, дар ҳайати он Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва ИМА шомиланд.

Ҷонибҳо ҳамчунин, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрикоро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ баррасӣ карда, бобати истифодаи имкониятҳои васеъ барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби барномаҳои Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) табодули афкор карданд.

Ҳамин тавр, дар мулоқот вазъи кунунии Афғонистон баррасӣ гардида, зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо чолишу таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир таъкид шудааст.

Ёдовар мешавем, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориқии кишвар 24-уми сентябр дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк суханронӣ карда, мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба масоили марзии кишвар бо Қирғизистон шарҳ дод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.