Як марди сокини Душанбе духтари 11-солаашро то марг латукӯб кардааст

Кормандони милитсия сокини 66-солаи шаҳри Душанбе Гурез Саидовро ба гумони куштори духтари 11-солаи худаш Мадина боздошт намуданд. Ин ҳодиса рӯзи 28 октябр дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух додааст. Тавре ки дар гузориши телевизионии барномаи “Ахбори ВКД” зикр мешавад, дар ин рӯз боздоштшуда пулеро, ки барои харидани доруву табобат ҷамъ карда буд, намеёбад. Ӯ солҳои охир […]

Кормандони милитсия сокини 66-солаи шаҳри Душанбе Гурез Саидовро ба гумони куштори духтари 11-солаи худаш Мадина боздошт намуданд. Ин ҳодиса рӯзи 28 октябр дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух додааст.

Тавре ки дар гузориши телевизионии барномаи “Ахбори ВКД” зикр мешавад, дар ин рӯз боздоштшуда пулеро, ки барои харидани доруву табобат ҷамъ карда буд, намеёбад. Ӯ солҳои охир аз беморӣ азият мекашид.

“Дар дуздии пул ӯ духтари 11-солаи худро гунаҳкор мекунад. Духтар пас аз пурсиш иқрор мешавад, ки пулро гирифта, лекин ба модараш додааст. Модараш дар навбати худ мегӯяд, ки духтараш ба ӯ пул надодааст”, – зикр шуд дар гузориши ВКД.

https://www.youtube.com/watch?v=qCMPsCmNghw

Гуфта мешавад, мард аз духтараш ҷойи пинҳон кардани пулро фаҳмиданӣ шуда, бераҳмона ба китфу пойҳои ӯ бо тасмаву чӯб зарба мезанад. Тасмаву чӯб баъдан аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, бар асари лату кӯби бераҳмона духтар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Кормандони милитсия изҳор мекунанд, ки ба гумони ғолиб, сари духтар ба девор бархӯрдааст, зеро дар он осору пайи хун набуд.

Нисбати ин мард аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе мутобиқи моддаи 104, қисми 2 КҶ ҶТ (Куштори ноболиғ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.

Дар ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 15 то 25 сол ё ҳукми қатл ва ё ҳукми ҳабси абад пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.