Нақшаи даромади буҷети Тоҷикистон дар соли оянда 4,1 млрд сомонӣ зиёдтар пешбинӣ шудааст

Ҳукумати Тоҷикистон 12,3% зиёд кардани нақшаи даромад ба буҷети кишварро дар соли 2023 ба нақша гирифтааст. “Дар лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2023» 37,1 млрд сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки ин 4,1 млрд ё 12,3 фоиз нисбат ба соли 2022 зиёд мебошад”, – хабар медиҳад АМИТ “Ховар”. Қобили зикр аст, […]

Ҳукумати Тоҷикистон 12,3% зиёд кардани нақшаи даромад ба буҷети кишварро дар соли 2023 ба нақша гирифтааст.

“Дар лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2023» 37,1 млрд сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки ин 4,1 млрд ё 12,3 фоиз нисбат ба соли 2022 зиёд мебошад”, – хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Қобили зикр аст, ки дар хабар ҳаҷми даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2022, ки моҳи ноябри соли гузашта муқаррар шуда буд, истифода шудааст. Аввали моҳи октябри соли равон ба буҷети соли ҷорӣ тағйирот ворид шуд, ки мувофиқи он, ҳаҷми даромад аз 33 млрд сомонӣ то 32,6 млрд сомонӣ кам карда шуд.

Мебояд гуфт, ки ҳудуди 70%-и даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи пардохти андоз ташаккул меёбад.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷет 3,2% барзиёд иҷро шудааст. Ин дар навбати аввал ба афзоиши ҳаҷми андоз аз даромад (андоз аз даромад ва андоз аз фоидаи пешина), андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксизӣ марбут дониста мешавад.

Тавре “Ховар” менависад, қисми хароҷоти Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ба маблағ 38,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 4,5 млрд ё 13,03% нисбат ба соли 2022 зиёд мебошад.

Дар ин ҷо ҳам ҳаҷми хароҷоти дар аввал зимни қабули буҷет барои соли 2022 – 33,6 млрд сомонӣ истифода шуда, пас аз ворид намудани тағйирот ба буҷет ҳаҷми хароҷот то 34,2 млрд сомонӣ зиёд шуд.

Касри буҷет бо чӣ рӯйпӯш карда мешавад?

Ба ин тариқ, ҳаҷми ҳадди ниҳоии каср (дефитсит)-и Буҷети давлатии соли 2022 аз рӯи натиҷаҳои тағйироти дар моҳи октябр воридшуда аз 624 млн сомонӣ (0,6% нисбат ба ММД) то 1 млрд 624 млн сомонӣ (1,4% нисбат ба ММД) зиёд шуд.

Барои рӯйпӯш кардани касри иловагии Буҷети давлатӣ ба сарчашмаҳои қаблан муқарраршуда банди 8 – аз ҳисоби ҷалби қарз дохилӣ – 1 млрд сомонӣ илова шуд. Ба истилоҳи дигар, ҳукумат ният дорад, ки аз Бонки миллӣ қарз гирад.

Сарчашмаҳои муқаррраршудаи рӯйпӯш кардани Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2022:

1. аз ҳисоби хусусигардонӣ ва иҷораи моликияти ҷумҳуриявӣ – 32 млн сомонӣ;

2. аз ҳисоби фоидаи софи ҳиссаи давлат дар ҶДММ ва фоидаҳо (дивидендҳо)-и саҳмияҳои давлатӣ дар ҶСК – 90 млн сомонӣ;

3. аз фурӯши  векселҳо (васиқаҳо) – 100 млн сомонӣ;

4. аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ – 100 млн сомонӣ;

5. аз ҳисоби қарзҳои созмонҳои молиявии байнулмилалӣ – 246 млн сомонӣ;

6. аз ҳисоби сарфаи маблағ аз тендерҳо ба хариди давлатии молу маҳсулот, кор ва хидматрасониҳо – 40 млн сомонӣ;

7. аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ – 16,2 млн сомонӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.