Корхонаҳои комуналии Хатлон ба техникаи коммуналӣ ниёз доранд

Идораҳои хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои иҷрои кори босифати корхонаҳо ва сари вақт баровардани партовҳо аз марказҳои шаҳру ноҳияҳо ба 500 адад техникаи махсусгардонидашуда эҳтиёҷ доранд. Нурулло Абдураҳимзода сардори намояндагии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар вилояти Хатлон ба “Asia-Plus” гуфт, мушкили норасоии техникаҳо асосан дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилоят мавҷуд аст […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Идораҳои хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои иҷрои кори босифати корхонаҳо ва сари вақт баровардани партовҳо аз марказҳои шаҳру ноҳияҳо ба 500 адад техникаи махсусгардонидашуда эҳтиёҷ доранд.

Нурулло Абдураҳимзода сардори намояндагии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар вилояти Хатлон ба “Asia-Plus” гуфт, мушкили норасоии техникаҳо асосан дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилоят мавҷуд аст ва онҳо аллакай, ба роҳбарияти КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” муроҷиат кардаанд.

“Дар шаш моҳи охир КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” барои корхонаҳои вилояти Хатлон ба маблағи 850 ҳазор сомонӣ 12 адад техника харидори кард. Техникаҳое, ки имрӯз дар ихтиёри ин корхонаҳо ҳаст аксараш аз солҳои Шуравӣ боқи мондав куҳнаю фарсуда шудаанд. То имрӯз дар мувозинаи корхонаҳои манзилию коммуналиии шаҳру навоҳии вилоят 237 адад техника мавҷуданд. Аз ин 137 адад дар ҳолати кори буда, 100 адади дигар корношоям ва таъмирталабанд”- гуфт Нурулло Абдураҳимзода.

Ба гуфти манбаъ техникаҳои харидашуда низ истеҳсоли замони Шуравӣ буда, аз ҷумла автомашинаи тамғаи ЗИЛ, КаМАЗ, трактори Т-28, МТЗ-82 мебошанд, ки ба ноҳияҳои Муӯминобод, Шаҳритус, Хурсон, Носири Хусрав, Дӯстӣ ва Қубодиён дастрас карда шудаанд.

Нурулло Абдураҳимзода изҳори умедвоорӣ кард, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналминалӣ онҳо бо техникаҳои зарури таъмин хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.