Мунтахаби футболи Тоҷикистон 1,37 млн евро қимат шуд

Арзиши мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон пас аз натиҷаи мусовӣ (0:0) бо дастаи мунтахаби Русия 1,37 млн евро боло рафта, мунтахаби Русия бошад, баръакс 26,55 млн евро поин рафт. Тибқи маълумоти нави портали Transfermarkt, бо иловаи 1,37 млн евро акнун арзиши умумии мунтахаби Тоҷикистон 6,65 млн евро арзёбӣ мешавад. Гаронтарин бозигари мунтахаби Тоҷикистон нимҳимоятгари марказӣ Парвизҷон […]

Арзиши мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон пас аз натиҷаи мусовӣ (0:0) бо дастаи мунтахаби Русия 1,37 млн евро боло рафта, мунтахаби Русия бошад, баръакс 26,55 млн евро поин рафт.

Тибқи маълумоти нави портали Transfermarkt, бо иловаи 1,37 млн евро акнун арзиши умумии мунтахаби Тоҷикистон 6,65 млн евро арзёбӣ мешавад.

Гаронтарин бозигари мунтахаби Тоҷикистон нимҳимоятгари марказӣ Парвизҷон Умарбоев мебошад, ки дар тими ЦСКА-1948-и Булғористон ҳунарнамоӣ мекунад ва 750 ҳазор евро арзёбӣ шудааст. Алишер Ҷалилов, футболбози дастаи “АГМК” Ӯзбекистон бо арзиши 700 ҳазор евро зинаи дуюмро ишғол мекунад.

Футболбози дастаи “Сурхон”-и Ӯзбекистон Зоир Ҷӯрабоев 500 ҳазор евро, бозингари “Зоб Оҳан”-и Эрон Эҳсони Панҷшанбе – 450 ҳазор евро ва дарвозабони “Истиқлол” Рустам Ятимов – 400 ҳазор евро нархгузорӣ шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки бозии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе рӯзи 17 ноябр бо ҳузури 20 ҳазор нафар тамошобинон мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.

Пас аз сафар ба Осиёи Марказӣ мунтахаби Русия ду бозиро бо дастаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусовӣ – 0:0 анҷом дода, арзишаш 26,55 млн евро паст шуд. То бозӣ дар Душанбе ва Тошканд арзиши умумии бозигарони тими Русия 138,80 млн евроро ташкил дода, акнун 112,5 млн евро нарх дорад.

Арзиши умумии мунтахаби Ӯзбекистон низ 2,75 млн евро боло рафта, акнун 27,40 млн евроро ташкил медиҳад. Ду ҳафта еш ин нишондиҳанда ба 24,65 млн евро баробар буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.