Ҷаласаи ҳукумат гузашт, тағйироти кадрӣ нашуд

Имрӯз, 24-уми январ, дар маҷлиси васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2022 баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2023 муайян карда шуд. Дар ин бора сомонаи президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар оғози ҷаласа, ки таҳти роҳбарии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат, ҳисобот додааст ва аз маърӯзаи […]

Имрӯз, 24-уми январ, дар маҷлиси васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2022 баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2023 муайян карда шуд. Дар ин бора сомонаи президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар оғози ҷаласа, ки таҳти роҳбарии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат, ҳисобот додааст ва аз маърӯзаи ӯ бармеояд, ки соли сипаригардида аксари нишондиҳандаҳои иқтисодову иҷтимоии кишвар афзоиш ёфтаанд.

Аз ҷумла, дар ин давра, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 115,7 миллиард сомонӣ расида, сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил додааст. Даромади умумии буҷети давлатӣ бошад, 36,3 миллиард сомонӣ будааст, ки нисбат ба нақша 1,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Қоҳир Расулзода гуфтааст, ки соли 2022 дар кишвар 487 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, дар ин муддат дар мамлакат 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд.

Ҳамин тавр, Қоҳир Расулзода оид ба тамоми паҳлӯҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат маълумот дода, зикр кардааст, ки дар умум, соли 2022 рушди босуботи давлат таъмин карда шуд.

Баъдан аъзои дигари ҳукумат ва мақомдорони давлатӣ оид ба фаъолияти ниҳоди зери тобеи худ маълумоти муфассал манзур намудаанд.

Раисиҷумҳури кишвар баъди шунидани ҳисоботҳо ба роҳбарони мақомоти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Бояд гуфт, ки коршиносон интизор доштанд, ки дар ҷараёни ҷаласаи васеи ҳукумат тағйироти кадрӣ низ сурат мегирад, аммо бо фарқ аз интизориҳо, то ҳол ҳеҷ як тағйироти кадрӣ ба амал наомадааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.