Толибон ба духтарони Афғонистон супоридани имтиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳро манъ карданд

Вазорати маорифи Афғонистон, ки аз сӯйи намояндагони Толибон* идора мешавад, дирӯз, 29-уми январ бо судури як қарор, ба донишгоҳҳои хусусӣ дастур додааст, ки ба духтарон иҷозат надиҳанд, то ба имтиҳоноти дохилшавӣ ворид шаванд. Ин дар ҳолест, ки сарпарасти вазорати маорифи Афғонистон бо нашри як эъломия дар Рӯзи ҷаҳонии омӯзиш гуфта буд, ки мекӯшад то заминаи […]

Вазорати маорифи Афғонистон, ки аз сӯйи намояндагони Толибон* идора мешавад, дирӯз, 29-уми январ бо судури як қарор, ба донишгоҳҳои хусусӣ дастур додааст, ки ба духтарон иҷозат надиҳанд, то ба имтиҳоноти дохилшавӣ ворид шаванд.

Ин дар ҳолест, ки сарпарасти вазорати маорифи Афғонистон бо нашри як эъломия дар Рӯзи ҷаҳонии омӯзиш гуфта буд, ки мекӯшад то заминаи омӯзиши меъёриро дар Афғонистон фароҳам созад.

Толибон, ки дар соли 2021 қудрат дар Афғонистонро ба даст гирифтанд, гуфтаанд, ки айни ҳол дар кишвар 19 ҳазор мактаб ва 13 ҳазор мадрасаи динӣ фаъол ҳастанд.

Толибон дар ҳоле аз вуруди духтарон ба донишгоҳҳо ва мактабҳо пешгирӣ мекунанд, ки беш аз 18 моҳ мешавад духтарони аз синфи шаш боло ба мактаб нарафтаанд ва ҳанӯз ҳам тасмими ниҳоӣ дар бораи бозкушоии мактабҳои миёна ва литсейҳои духтарон гирифта нашудааст.

Ин дастури Толибон аз сӯйи ҷомеаи Афғонистон шадидан мавриди интикод қарор дода шуд.

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, навишт, ки ҷомеа ҷаҳонӣ дар баробари саркӯби занон дар Афғонистон набояд танҳо ба маҳкум кардан басанда кунад.

Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат рӯзи душанбе, 30-юми январ, ин гуфтаро дар вокуниш ба манъи вуруди занон ва духтарон ба озмуни дохилшавӣ ба донишгоҳҳо ва муассисоти таҳсили хусусӣ баён кард.

Аҳмадӣ гуфт, ки Ҷабҳаи муқовимат аз амалкарди Толибон дар баробари занони Афғонистон тааҷҷуб намекунад, аммо басанда кардани ҷомеа ҷаҳонӣ ба накӯҳиши ин гуна амалкардҳои Толибон нигаронкунанда аст.

Ба гуфта Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, манъи вуруди занон ба озмуни дохилшавӣ ба  муассисоти таҳсили хусусӣ нақзи фоҳиш ҳуқуқ башар аст.

Аҳмадӣ таъкид карда, ки Толибон ҳеҷ тағйире накардаанд ва таваққӯъи рафтори инсонӣ аз онҳо таваҳҳуме беш нест. 

Созмон ҳамкори исломӣ ҳам бо нашри баёнияе аз мақомҳои Толибон хостааст, то ин тасмим ва маҳдудиятҳоро дар баробари занон ва духтарон дар Афғонистон бознигарӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки Созмони ҳамкории исломӣ дар нишасте, ки рӯзи 11-уми январ, дар бораи вазъи Афғонистон баргузор кард, аз Толибон хоста буд, то дар бозкушоии мактабҳо ва донишгоҳҳо ба рӯй духтарон дар Афғонистон, талош кунанд.

Манъи вуруди духтарон ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилӣ дар ҳолест, ки қаблан Толибон дар як эъломия гуфта буданд, ки барои мардуми Афғонистон хадамоти меъёрии омӯзишро фароҳам месозанд.

Дар эъломияи Толибон гуфта шуда буд: “Вазорати маориф ба мардуми Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон медиҳад,  ки талош мекунад, то барои мардуми худ хадамоти меъёри омӯзиширо фароҳам бисозад”.

Бояд гуфт, ки Толибон омӯзиши занон ва духтарони донишомӯз ва донишҷӯро “то амри сонӣ”, яъне вақти номаълум мамнӯъ карда ва гуфта буд, ки пас аз фароҳам кардани шароити лозим, дарвозаи мактабҳо ва донишгоҳҳоро дубора ба рӯй онҳо боз хоҳад кард.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.