Барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” Тоҷикистон то ҳол мунтазири пул аз мададрасонҳои байнулмилалист

Гуфтушунидҳо байни ҳукумати Тоҷикистон ва шарикон оид ба маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” идома доранд, хабар дод зимни нишасти матбуоии имрӯза дар Душанбе вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа. Ӯ зикр кард, ки нимаи моҳи январ Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ 15 млн доллар кумаки бебозгашти техникиро барои баланд бароштани самаранокии […]

Гуфтушунидҳо байни ҳукумати Тоҷикистон ва шарикон оид ба маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” идома доранд, хабар дод зимни нишасти матбуоии имрӯза дар Душанбе вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа.

Ӯ зикр кард, ки нимаи моҳи январ Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ 15 млн доллар кумаки бебозгашти техникиро барои баланд бароштани самаранокии татбиқи лоиҳаи неругоҳ маъқул донист.

Ба гуфтаи вазир, доир ба ҷалби маблағҳои мададрасонҳои байнулмилалӣ ҷиҳати сохтмони неругоҳи “Роғун” консорсиум ташкил шуда, ба ҳамоҳангсози кори он Бонки ҷаҳонӣ машул аст.

“Натиҷаи корҳое, ки дар марҳилаи ҳозира анҷом дода мешаванд, пас аз анҷоми онҳо нашр хоҳанд шуд”, – иброз дошт вазир.

Далер Ҷумъа илова намуд, ки барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” маблағи зиёд лозим аст, лекин мушаххасан нагуфт, ки чӣ қадар маблағ.

Қаблан раҳбарияти Вазорати энергетика хабар дода буд, ки барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” на камтар аз 5 млрд доллар маблағ зарур аст.

Лекин қобили зикр аст, ки бо гузашти солҳо арзиши чунин лоиҳаҳои бузурги дарозмуддат бар асари бозбинӣ шудани нархи баъзе кору хидматрасониҳо, инчунин тваваррум ва баръакси он (девалватсия) метавонад ба самти зиёдшавӣ тағйир ёбад.

Соли 2008 замони оғози барқарор намудани амалисозии лоиҳа, маблағи он 3 млрд доллар арзёбӣ шуда буд. Сипас соли 2016 дар баргузории тендери байнулмилалӣ арзиши лоиҳа 3,9 млрд доллар эълон шуд.

Айни замон маблағгузорӣ ба неругоҳи “Роғун” танҳо аз ҳисоби давлат сурат мегирад, ки барои идомаи бомароми сохтмони иншоот кифоя нест.

Президенти кишвар охири моҳи декабр дар паёми худ ба парлумон зикр кард, ки соли 2022 барои корҳои сохтмон дар НБО “Роғун” 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 315 млн доллар) равона гардида буд.

Бо назардошти маблағгузории соли гузашта ба идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун”, аз соли 2008 барои бунёди ин иншоот аллакай зиёда аз 40 млрд сомонӣ масраф шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон ният дорад имсол барои маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар ҳаҷми 314,5 млн евро қарзҳои имтиёзноки ниҳодҳои байнулмилалии молиявиро дастрас кунад.

МАЪЛУМОТНОМАИ “АЗИЯ-ПЛЮС”:

НБО “Роғун” бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мешавад, ки иқтидори муқарарраршудааш 3600 МВт-ро ташкил хоҳад дод.

Пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтан ҳаҷми солонаи истеҳсоли неруи барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соатро ташкил медиҳад, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми истеҳсоли ҳамаи иқтидорҳои мавҷуда дар кишвар баробар аст.

Айни замон ду гидроагрегати НБО “Роғун” бо иқтидори нопурра кор мекунанд. Дар толори мошинҳои неругоҳ ба сурати умум, насби 6 агрегат бо итидори 600 МВт ҳар кадоме ба нақша гирифта шудааст. Ба истифода додани агрегати охирин (6-ум)-и неругоҳ соли 2029 ба нақша гирифта шудааст.

Дар назар аст, ки сохтмони неругоҳ соли 2033 пурра ба анҷом мерасад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.