Вазири энергетика гуфт, аҳолӣ дар сардиҳо бо барқ таъмин буданд

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз истеҳсоли рекордии нерӯи барқ дар соли гузашта хабар дод ва гуфт, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар ҷумуҳурӣ 21 млрд 399,5 млн кВт соатро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар низоми энергетикии мамлкат ба ҳисоб меравад. Ба таври рекорди афзоиш ёфтани истеҳсоли нерӯи барқ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз истеҳсоли рекордии нерӯи барқ дар соли гузашта хабар дод ва гуфт, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар ҷумуҳурӣ 21 млрд 399,5 млн кВт соатро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар низоми энергетикии мамлкат ба ҳисоб меравад.

Ба таври рекорди афзоиш ёфтани истеҳсоли нерӯи барқ дар ҳолест, ки дар поёни соли гузашта аҳолӣ аз “лимит” ё маҳдудияти нерӯи барқ шикоят мекарданд.

Ҳамин тариқ, дар авҷи сардии ҳаво Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ширкати “Барқи тоҷик” дастур дод, ки маҳдудияти барқ дар кишвар пурра бардошта шавад ва худи ҳамон рӯз ин ширкати эълон кард, ки маҳдудияти барқ дар ҷумҳурӣ пурра бардошта шуд.

Вале тақрибан баъди 10 рӯзи дастури Эмомалӣ Раҳмон сокинони манотиқи мухталиф аз мавридҳои зиёди қатъи дубораи нерӯи барқ шикоят карданд.

Мақомот он замон қатъи интиқоли нерӯи барқро ба садамаҳо дар хатҳои барқрасонӣ марбут дониста, гуфта буданд, ки дар рӯзҳои сардӣ ниёз ба нерӯи барқ ​​дар минтақаҳо зиёд шуд ва садамаҳо ҳам афзоиш ёфт.

Далер Ҷумъа имрӯз, 30-юми январ, дар нишасти матбуотӣ афзуд, дар рӯзҳои сард на фақат дар Тоҷикистон, ҳамчунин дар Осиёи Марказӣ мушкили барқ ҷой дошт ва дар ин рӯзҳо низоми энерегетикии кишвар тавонист мардумро пурра бо барқ таъмин кунад.

“Албатта рӯзҳои охир ҳарорати ҳаво баландтар шуда истодааст ва ин моро водор месозад, ки ҳамаи имкониятҳои ҷойдоштаи худро, чӣ аз  лиҳози резиши об дар дарёҳои ҷумҳурӣ ва чӣ аз лиҳози иқтидорҳои мавҷуда ба кор барем. Соли гузашта бори аввал дар таърихи кишвар тавлиди барқ беш аз 21,3 млрд кВт соатро ташкил дод. Вале истеъмоли шабонарӯзӣ дар сардиҳо 81, млн кВт соатро ташкил дод, ки ин нишондодҳои баландтарин дар 10 солаи охир аст”, – гуфт Далер Ҷумъа.

Далер Ҷумъа дар шарҳи қатъи интиқоли барқ садамаҳоро ҳам зикр кард, вале нагуфт, ки дар рӯзҳои сардӣ дар кишвар чӣ қадар садамаҳо сабт шудааст.

"Минбаъд ҳавои сард пешбинӣ мешавад ва мо чораҳо андешида истодаем, ки чӣ бояд кард, то мисли гузашта мардумро дар рӯзҳои сардӣ бо барқ таъмин намоем",-афзуд вазири энергетика.

Номбурда афзуд, ҷамъоварии маблағи барқ аз аҳолӣ дар соли гузашта 1 млрд 259 млн сомонӣ  иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблаги 107 млн зиёд мебошад.

“Ҷамъоварии маблағи барқи истифодагардида дар бозори дохилӣ дар соли гузашта 3 млрд 244 млн сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2021 ба маблағи 130,4 млн сомонӣ зиёд мебошад”-гуфт вай.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.