Худкушии беш аз 20 сокини Деваштич дар як сол

Дар ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) беш аз 20 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора имрӯз, 31-уми январ, Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳия, зимни нишасти хабарӣ, иттилоъ дод. Номбурда дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, дар маҷмӯъ, соли гузашта дар ноҳия 256 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин  шумора 22 ададашро худкушӣ ташкил медиҳад. […]

Дар ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) беш аз 20 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора имрӯз, 31-уми январ, Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳия, зимни нишасти хабарӣ, иттилоъ дод.

Номбурда дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, дар маҷмӯъ, соли гузашта дар ноҳия 256 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин  шумора 22 ададашро худкушӣ ташкил медиҳад.

“Соли 2021 ҳам дар ноҳия 22 ҳолати худкушӣ қайд шуда буд. Яъне фарқият нест.  Аз ин теъдод 11 нафар зан, 6 ноболиғ ва панҷ нафар мардон мебошад”, – афзуд Ҷалилзода.

Дар ҳамин ҳол, Ганҷина Нуруллозода, муовини раиси ноҳияи  Деваштич гуфт, натиҷаи хулосаи тиббӣ дар аксар маврид афроди худкушикардаро “бемори рӯҳӣ” нишон додааст. 

Яке аз ин ҳодисаҳо худкушии Маҳорат Раҳмоноваи 23-солаи деҳаи Хишекати ҷамоати Ростровути ноҳияи Деваштич буд, ки ба гуфтаи масъулин “дар пайи муноқишаву нофаҳмиҳои оилавӣ рух додааст”.

Гуфта мешавад, ки марҳум модари ду кӯдак буд.

Зимнан, дар робита ба сабабу омилҳои худкушии ин духтар бо такя ба экспиртизаи тиббӣ-судӣ гуфта буданд, ки худкушии Маҳорат  Раҳмонова ирсӣ аст.

Чунки баъди солҳои 2000-уми хоҳарбузурги ин духтар ҳам дар оғилхона худкушӣ карда буд. Сабаб ва омилҳои ин ҳодиса ҳам номаълум аст.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2021-ум дар ҳудуди вилоят наздики 100 зан даст ба худкушӣ задаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.