Пас аз Эрон, Туркия низ консулгарии Афғонистонро ба Толибон супорид

Консулгарии Афғонистон дар Истамбул ба намояндагони Толибон* супорида шуд ва фиристодаи ин гуруҳ аллакай корро оғоз кардааст. Дар ин бора хабаргузории “TOLOnews” бо такя ба Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин бора Зиё Аҳмад Такал, муовини сухангӯи сарпарасти вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон иттилоъ дода, гуфтааст, “аз рӯзи душанбе дипломатҳои вазорати корҳои […]

Консулгарии Афғонистон дар Истамбул ба намояндагони Толибон* супорида шуд ва фиристодаи ин гуруҳ аллакай корро оғоз кардааст. Дар ин бора хабаргузории “TOLOnews” бо такя ба Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин бора Зиё Аҳмад Такал, муовини сухангӯи сарпарасти вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон иттилоъ дода, гуфтааст, “аз рӯзи душанбе дипломатҳои вазорати корҳои хориҷа дар Истамбули Туркия ба кори худ расман оғоз карданд”.

“Пас аз ин, дар баробари фаъолиятҳои дипломатӣ бо Туркия, талошҳо барои ироаи хадамоти консулгарӣ ба шаҳрвандони ин кишвар сурат хоҳад гирифт”, – афзудааст масъули Толибон.

“TOLOnews” бо такя ба андешаи коршиносоне хеш менависад, ки “Толибон аз ин роҳ тағйирот ҷорӣ мекунанд, тағйироти воқеӣ на, танҳо ба таҳкими низоми бароҳмонда, ҳамчунин, расмӣ ва ниҳодӣ шудани Иморати Исломӣ замина мегузоранд”.

Гуфтан ба маврид аст, ки то кунун ҳеҷ кишваре Толибонро ба расмият намешиносад, аммо қаблан шуморе аз кишварҳо чун Русия, Покистон, Чин, Эрон ва Туркманистон сафорат ва консулгариҳои Афғонистонро ба намояндагони Толибон дода буданд.

Охири ҳафтаи гузашта Сафорати Афғонистон дар Теҳрон низ ба намояндагони Толибон супорида шуда, сафири навтаъйини ин гурӯҳ расман корашро дар Эрон оғоз карда буд.

Аз сӯи дигар, ҳоло аксари сафоратхонаҳои Афғонистон дар кишварҳои хориҷӣ таҳти назорати дипломатҳои ҳукумати қаблӣ қарор доранд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...