Ярмаркаҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар Душанбе пеш аз ҷашни Наврӯз

Пеш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон ташкил карда мешаванд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, кори ярмаркаҳо аз 16 март оғоз гардида, то 20 март давом мекунад. Ярмаркаҳо дар даромадгоҳи бозорҳои “Меҳргон”, “Саховат”, назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино (Қарияи Боло) ва […]

Пеш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон ташкил карда мешаванд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, кори ярмаркаҳо аз 16 март оғоз гардида, то 20 март давом мекунад.

Ярмаркаҳо дар даромадгоҳи бозорҳои “Меҳргон”, “Саховат”, назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино (Қарияи Боло) ва боғи “Куруши Кабир” ташкил карда мешаванд.

Дар ин ярмаркаҳо бо нархҳои нисбатан арзонтар аз бозор гӯшту орд, равған, шакар ва сабзавот харидан мумкин аст.

Ёдрас мекунем, ки дар пойтахт 15 ярмаркаи доимо амалкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ амал мекунанд: дар бозорҳои “Деҳқон”, “Яккачинор”, назди масҷиди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (Испечак-2), дар маҳаллаи 104-ум (истгоҳи охири маршруткаҳо), дар кӯчаи Маяковскии маҳаллаи 32-юм ва ғайра).

Гуфта мешавад, нархҳо дар ин ярмаркаҳо нисбатан арзону дастрасанд. Аз ҷумла, дар ин ҷо 1 халта орд 265 сомонӣ, 1 кило картошка – 3,8 сомонӣ, 1 кило пиёз – 4 сомонӣ, 1 кило сабзӣ – 2 сомонӣ, 1 кило гӯшти гов – 55 сомонӣ, 5 литр равғани растанӣ – 90 сомонӣ, 1 кило шакар – 8,2 сомонӣ нарх доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.