Дар ҷашни Наврӯз 8 рӯз пайиҳам рӯзҳои истироҳат мешавад

Дар ҷашни байнулмилалии Наврӯз шаҳрвандони Тоҷикистон пайиҳам 8 рӯз истироҳат мекунанд. Тавре ки аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, қарор шудааст, ки рӯзи кории душанбе, 20 март ба рӯзи шанбе, 18 март гузаронида шавад. “Аз ин рӯ, 18 март рӯзи корӣ эълон шуда, рӯзҳои аз 19 то 26 март ба муносибати ҷашни Наврӯз […]

Дар ҷашни байнулмилалии Наврӯз шаҳрвандони Тоҷикистон пайиҳам 8 рӯз истироҳат мекунанд.

Тавре ки аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, қарор шудааст, ки рӯзи кории душанбе, 20 март ба рӯзи шанбе, 18 март гузаронида шавад.

“Аз ин рӯ, 18 март рӯзи корӣ эълон шуда, рӯзҳои аз 19 то 26 март ба муносибати ҷашни Наврӯз рӯзҳои истироҳат эълон карда мешаванд. Ҳафтаи нави корӣ рӯзи 27 март оғоз мегардад”, – гуфтанд дар Федератсия.

Ба ин тариқ, дар ҷашни Наврӯз тоҷикистониён 8 рӯз пайиҳам – 19, 20, 21, 22, 23, 24, 25 ва 26 март истироҳат мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар доданд, имсол рӯзҳои таътили баҳорӣ барои мактабхонҳо кам карда мешавад.

Хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 20 то 26 март ба таътил баромада, рӯзи 27 март дарсҳо оғоз мешаванд.

Қаблан таътили баҳории мактабхонҳо 10 рӯз буд ва то 1 апрел давом мекард.

Дар Вазорати маориф зикр карданд, ки ин қарор бо сабаби то 20 январ дароз шудани таътили зимистонаи макатабхонҳо қабул шудааст.

Он замон зикр гардида буд, ки соатҳои дарсии дар давоми таътили моҳи январ иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.