Байни Тоҷикистону Русия зиёда аз 20 созишнома ба имзо расид

Дар ҷараёни кори конфронси ҳамкории байниминтақавии “Шарикии корӣ ва сармоягузории Русия ва Тоҷикистон”, ки ки имрӯз оғоз шуд, байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, илму техника, энергетика, маориф ва дигар бахшҳо зиёда аз 20 созишнома ба имзо расид. Аз ҷумла байни ширкатҳои соҳавӣ дар бораи истеҳсоли муштараки сурма ва омӯзиши […]

Дар ҷараёни кори конфронси ҳамкории байниминтақавии “Шарикии корӣ ва сармоягузории Русия ва Тоҷикистон”, ки ки имрӯз оғоз шуд, байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, илму техника, энергетика, маориф ва дигар бахшҳо зиёда аз 20 созишнома ба имзо расид.

Аз ҷумла байни ширкатҳои соҳавӣ дар бораи истеҳсоли муштараки сурма ва омӯзиши ашёи хоми зеризаминӣ ва металлҳои нодир созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуданд.

Тавре ки дастандаркорони форум хабар доданд, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо маҷмааи “Луч” созишнома ба имзо расонида, ҳукуматҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд бо вилояти Пензаи Русия созишномаҳо дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ имзо карданд.

Дар соҳаи нақлиёт дар бораи истеҳсоли ядакҳо (притеспҳо) санад ба имзо расид.

Дар шартнома байни корхонаи “Шаҳри ҳушманд”-и Душанбе бо Агентии авруосиёии сармоягузорӣ ва корпоратсияи “Синергия” амалисозии лоиҳаҳои рақамӣ дар пойтахти Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Инноватсияҳои “Шаҳри ҳушманд” дар навбати аввал ба низоми зеҳнии нақлиёт, Хоҷагии манзилию коммуналии рақамӣ, бахшҳои тандурустӣ ва маориф дахл хоҳанд дошт.

Конфронс корашро идома дода, шоми имрӯз бо иштироки сарвазирони Тоҷикистон ва Русия ҷаласаи соҳавӣ доир мегардад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.