Тағйироти кадрӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президент ва ду вазорат

Имрӯз, 2-юми март, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Умед Абдулло аз вазифаи муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Дар ин бора сомонаи расмии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад. Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Исоҷон Ятим аз вазифаи сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, […]

Имрӯз, 2-юми март, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Умед Абдулло аз вазифаи муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Дар ин бора сомонаи расмии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Исоҷон Ятим аз вазифаи сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҳамчунин, Сафарзода Бахтиёр Хайрулло ва Назар Азиз Савзалӣ муовинони вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Бо қарори дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо амри дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Суҳайлӣ Кароматулло сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.