“Фурсати донистан”: Санади маъмурӣ чист ва дар кадом шакл қабул карда мешавад?

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи санади маъмуриро баррасӣ карданд. Асоснокии хаттии санади маъмурӣ чигуна маъно дорад? Дар моддаи 15 Кодекси расмиёти маъмурӣ дар бораи асосноккии […]

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем.

Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи санади маъмуриро баррасӣ карданд.

Асоснокии хаттии санади маъмурӣ чигуна маъно дорад?

Дар моддаи 15 Кодекси расмиёти маъмурӣ дар бораи асосноккии санади маъмури меъёри ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. Санади ҳуқуқи маъмури бояд асоснокии хатти дошта бошад, ки  ин асосноккии хаттӣ пеш аз қисми хулосавии санади маъмурӣ зикр мегардад.

Яке аз талаботҳои дигари қонун дар он ифода меёбад, ки дар санади  маъмури бояд меъёри қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқи ки дар асоси он ин санади  маъмури қабул шудааст, зикр карда шавад. Яъне мақомоти маъмурӣ ё шахси мансабдори мақоми маъмурӣ бояд, ки дар санади маъмурӣ ваколати худро бо меъёри қонун асоснок намоянд.

Мақомоти маъмури қарори худро бо ҳолатҳо, воқеият ва далелҳое, ки дар xараёни расмиёти маъмури таҳқиқ ва омeхта шудаанд, асоснок менамояд. Асоснокии хаттӣ бояд якҷоя бо санади  маъмури интишор гардад (барои расман шинос шудан пешниҳод гардад)!

Санади маъмурӣ дар кадом шакл қабул карда мешавад?

Дар моддаи 13 Кодекси расмиёти маъмурӣ дар бораи шакли  санади маъмури меъёри ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. Санади ҳуқуқии маъмури дар шакли хатти қабул мегардад.    Дар қонун ҳолатҳои истисноӣ низ пешбинӣ шудаанд. 

Дар ҳолатҳои таъхирнопазир, ки ба амнияти давлати ё ҷамъияти, саломатии аҳоли, ҳаёти одамон хатар таҳдид менамояд санади маъмури метавонад дар шакли шифоҳӣ низ  қабул гардад. Дар чунин мавридҳо, бо талаби тарафи манфиатдор санади маъмурии шифоҳи дар давоми 3 рeзи баъди қабул шуданаш бояд дар шакли хатти қабул карда шавад.

Кадом реквизитҳои санади маъмури дар қонун пешбинӣ шудааст?

Дар моддаи 14 Кодекси расмиёти маъмурӣ дар бораи реквизитҳои  санади маъмури меъёри ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. ҳар як санади ҳуқуқии маъмури бояд реквизитҳои зеринро дар бар гирад:

-номи санади  маъмури;

-номи мақомоте, ки санади маъмуриро қабул кардааст;

-сарлавҳаи санади  маъмури;

-ному насаб, номи падар ва имзои шахси мансабдори ваколатдор, ки бо мeҳри нишондори мақомоти маъмури ё шахси мансабдор тасдиқ карда шудааст;

-вақт ва маҳалли қабул;

-рақами бақайдгирие, ки мақомоти санади ҳуқуқии маъмуриро қабулкарда додааст.

Дар санади маъмурие, ки қонеъ гардонидани дархости аризадиҳандаро рад мекунад, бояд мақомоте, ки ба он аз болои санади ҳуқуқии маъмури шикоят кардан мумкин аст, суроғаи он ва мeҳлати пешниҳоди шикоят (ё даъво) нишон дода шаванд.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.