Фаъолияти радиои ВВС-и форсӣ пас аз 83 сол қатъ шуд

Шабакаи ҷаҳонии ВВС эълом кард, ки пас аз 83 соли фаъолият, пахши барномаҳои радиои форсии ин шабака қатъ карда шуд. Дар ин бора сомонаи хабаргузории ВВС иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, охирин барномаи форсии бомдодии ин радио субҳи рӯзи якшанбе, 26-уми март пахш шудааст. Барномаи субҳгоҳии “Чашмандоз” аз соати 7:00 то 9:00-и субҳ тавассути мавҷҳои […]

Шабакаи ҷаҳонии ВВС эълом кард, ки пас аз 83 соли фаъолият, пахши барномаҳои радиои форсии ин шабака қатъ карда шуд. Дар ин бора сомонаи хабаргузории ВВС иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи хабаргузорӣ, охирин барномаи форсии бомдодии ин радио субҳи рӯзи якшанбе, 26-уми март пахш шудааст. Барномаи субҳгоҳии “Чашмандоз” аз соати 7:00 то 9:00-и субҳ тавассути мавҷҳои радио ва моҳвора пахш гардидаанд.

Дориюши Раҷабиён, яке аз муҷриёни маъруфи Радиои форсии ВВС дар филми мустанади “Радио меравад: танҳо садост, ки мемонад” дар бораи наздик ба 83 соли фаъолияти ин радио сӯҳбат кардааст.

Шабакаи ҷаҳонии ВВС ҳадаф аз таваққуфи фаъолияти радиои форсии ин шабакаро тамаркузи бештар рӯй платформҳои диҷитол хондааст.

Бояд гуфт, ки Радиои форсии ВВС аз пуршунавандатарин радиоҳо бо собиқаи 83-сола буд, ки пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум роҳандозӣ шуд. Барномаҳои форсии радиои ВВС дар Афғонистон ва Тоҷикистон аз шӯҳрати хоссе бархурдор буд ва алоқамандони зиёде дошт.

Ёдовар мешавем, ВВС аз расонаҳои пурмухотаби ҷаҳонӣ аст, ки ба забонҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла англисӣ, русӣ, чинӣ, форсӣ, пашту, урду ва ӯзбекӣ барнома пахш мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.