Имзои санади ҳамкорӣ байни бонкҳои Тоҷикистону Озарбойҷон

Байни КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶСК «Азер-Турк Банк»-и Ҷумҳурии Озорбойҷон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ ба имзо расид, ки барои оғоз намудани ҳамкориҳои дуҷониба заминаи хубе фароҳам меорад. Тавре ки хадамоти матбуоти “Амонатбонк” хабар медиҳад, санад аз ҷониби раҳбарияти бонкҳо дар доираи кори Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон, ки 4 апрел доир гардид, имзо шуд. […]

Байни КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶСК «Азер-Турк Банк»-и Ҷумҳурии Озорбойҷон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ ба имзо расид, ки барои оғоз намудани ҳамкориҳои дуҷониба заминаи хубе фароҳам меорад.

Тавре ки хадамоти матбуоти “Амонатбонк” хабар медиҳад, санад аз ҷониби раҳбарияти бонкҳо дар доираи кори Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон, ки 4 апрел доир гардид, имзо шуд.

Гуфта мешавад, пас аз имзои санад мулоқоти В2В байни роҳбарони «Амонатбонк» ва «Азер-Турк Банк» баргузор гардид, ки дар он масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва ба роҳ мондани амалиётҳои бонкӣ аз қабили кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, ҷойгиркунии шабонарӯзӣ (overnight), мубодилаи асъор ва табодули таҷрибаи тарафайн, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар форум таҳти раёсатироҳбари Кумита Саъдӣ Қодирзода байни Конфедератсияи миллии моликони Озарбойҷон (ASK) ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум имзо шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар кори Форум беш аз 200 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Озарбойҷон иштирок намуданд.

Дар доираи Форум ба иштирокчиён  фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Гуфта мешавад, пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Озарбойҷон “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳо мавриди таваҷҷӯҳи байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо муҳокима карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...