Фурӯхтани замин ва тасарруфи маблағҳои буҷетӣ. Боздошти чанд мансабдори тоҷик барои порагирӣ

Се мансабдори вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) барои гирифтани пора ва азхудкунии маблағҳои буҷети давлатӣ айбдор мешаванд. Дар ин бора мақомоти интизомии Тоҷикистон хабар медиҳанд. Аз ҷумла, дар нашри навбатии “Ахбори ВКД” иттилоъ дода мешавад, ки  Муҳриддин Тағоев, раиси ҷамоати деҳоти ба номи Холматови ноҳияи Шаҳритус ва Эркинҷон Тӯйчиев, мутахассиси бахши меъмории ноҳия […]

Се мансабдори вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) барои гирифтани пора ва азхудкунии маблағҳои буҷети давлатӣ айбдор мешаванд. Дар ин бора мақомоти интизомии Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Аз ҷумла, дар нашри навбатии “Ахбори ВКД” иттилоъ дода мешавад, ки  Муҳриддин Тағоев, раиси ҷамоати деҳоти ба номи Холматови ноҳияи Шаҳритус ва Эркинҷон Тӯйчиев, мутахассиси бахши меъмории ноҳия ба гирифтани 30 ҳазор сомонӣ барои ҷудо кардани замин айбдор мешаванд.

“Айбдоршавандагон барои ҷудо намудани 10 сотих замин аз сокини ноҳияи Қубодиён Хоҷамқулов Сироҷиддин Эргашович ба сифати пора 30 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтаанд”, – зикр мешавад дар хабар.

Раиси ҷамоат 29 сол ва мутахассиси бахши меъмории ноҳияи Шаҳритӯс 35 сол доштаанд.

Гуфта мешавад, ки онҳо дар ҷараёни як амалиёти вижаи фаврии кормандони шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вилояти Хатлон дар бинои ҷамоати деҳоти ба номи Холматови ноҳияи Шаҳритус, дар ҷои кори раиси ҷамоат, дастгир шудаанд.

Муҳриддин Тағоев, раиси ҷамоат дар ин навор эътироф мекунад, ки амали коррупсиониро бар асоси маслиҳати пешакӣ бо Эркинҷон Тӯйчиев анҷом додаанд.

“Пешакӣ маслиҳат карда будем. Пеш аз Наврӯз 5 ҳазорашро оварда дода буданд ва ин дафъа маблағи боқимондаро оварданд, вале мақомот омада, моро дастгир карданд”, – мегӯяд Тағоев.

Додситонии вилояти Хатлон нисбати айбдоршавандагон барои гирифтани пора ба миқдори калон (моддаи 319, қисми 4) парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Ин банди қонун,  аз 7 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. 

Дар ҳамин ҳол, Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти Зеваршоҳ  Карамшоев, раиси собиқи ҷамоати деҳоти Қозидеҳ дар ноҳияи Ишкошим хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Карамшоев ба тасарруфи ҳудуди 8 ҳазор сомонӣ аз маблағҳои буҷаи ҷамоати Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим гунаҳкор дониста мешавад.

Додгоҳи ноҳияи Ишкошим Зеваршоҳ  Карамшоевро барои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ва сохтакории хизматӣ (моддаи 245, қисми 2 бандҳои “а” ва “г” ва моддаи 323) 10 ҳазору 200 сомонӣ (150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, як нишондиҳанда 68 сомонӣ) ҷарима бастааст.

Бояд гуфт, ки ҳолати фасодкорӣ дар чандсолаи охир дар Тоҷикистон бештар ошкор мешавад ва сомонаи Оҷонси зиддифасод тақрибан ҳар моҳе дар ин маврид хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки маъмурони Оҷонси зиддифасодро дар Тоҷикистон ҳамвора барои дастгир накардани мансабдорони баландпоя танқид мекунанд. Ин ниҳод бештар дар бораи боздошти омӯзгорону пизишкон ва кормандони зинаҳои поини вазорату кумитаҳои давлатӣ гузориш медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.