Густариши ҳамкориҳои Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон бо Фаронса

Рӯзи 5 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси сафорати Фаронса, вохӯрии Намояндаи Доимии Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Қозидавлат Қоимдодов бо ҷаноби Эрик Любидел – кордори муваққатии Фаронса дар Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори қанотамандӣ баён намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ омодаанд ҷиҳати рушди барномаҳои дуҷониба дар самтҳои […]

Рӯзи 5 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси сафорати Фаронса, вохӯрии Намояндаи Доимии Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Қозидавлат Қоимдодов бо ҷаноби Эрик Любидел – кордори муваққатии Фаронса дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори қанотамандӣ баён намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ омодаанд ҷиҳати рушди барномаҳои дуҷониба дар самтҳои маориф, тандурустӣ, иқтисод, аграрӣ ва коммуникатсия ҳамкориро давом диҳанд.

Муҳтарам Қозидавлат Қоимдодов изҳор доштанд, ки Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд ҳар сол ба миқдори муайян барномаҳои гуногун аз ҷониби Агентиҳои он сармоягузорӣ мегарданд, ки онҳо низ ба пешбурди зиндагии мардум нигаронида шудаанд.

Ҷаноби Любидел қайд намуд, ки кишвараш аз фаъолият ва дастгирии самтҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон истиқбол намуда, омода аст фаъолияти онро дар доираи қобилиятҳои худ дастгирӣ намояд.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба минбаъд низ омодаанд чунин вохӯриҳо баргузор намуда, масъалаҳои ҳалталаб ва муҳимро баррасӣ намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.