Роҳбари тоҷикони Қазоқистон муовини Қосимҷомарт Тоқаев гардид

Акбарҷон Исмоилов, яке аз тоҷикони муваффақи муқими Қазоқистон соли 2022 узви Шӯрои Ассамблеяи халқи Қазоқистон гардида буд, якҷо бо Аурика Дяк муовинони раиси Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон таъин шуданд. Дар ин хусус, фармони дахлдорро Қосимҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури ин кишвар имзо кард, хабар медиҳад сомонаи Akkorda. Акбарҷон Исмоилов яке аз тоҷикони муваффақи Қазоқистон буда, соли 2022 роҳбарии […]

Акбарҷон Исмоилов, яке аз тоҷикони муваффақи муқими Қазоқистон соли 2022 узви Шӯрои Ассамблеяи халқи Қазоқистон гардида буд, якҷо бо Аурика Дяк муовинони раиси Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон таъин шуданд. Дар ин хусус, фармони дахлдорро Қосимҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури ин кишвар имзо кард, хабар медиҳад сомонаи Akkorda.

Акбарҷон Исмоилов яке аз тоҷикони муваффақи Қазоқистон буда, соли 2022 роҳбарии Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистонро ба зимма гирифт.

Акбарҷон Исмоилов соли 1988 дар вилояти Улутави Қазоқистон таваллуд шудааст. Таҳсили миёнаро дар шимоли Қазоқистон гирифта, соли 2016 Донишгоҳи Мадинаро хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ ба соҳибкорӣ машғул шуда, се ширкати тиҷоратиро бунёд намудааст. Аз соли 2017 то 2022 роҳбари Маркази тоҷикони шаҳри Остона буд. Аз моҳи сентябри соли 2022 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон аст.

Аз соли 2017 аъзои Ассамблеяи халқи Қазоқистон буд. Аз соли 2022 узви Шӯрои Ассамблеяи халқи Қазоқистон дар назди Президенти Қазоқистон мебошад.

Соли гузашта “Asia-Plus” бо ин тоҷики муваффақи бурунмарзӣ мусоҳибае анҷом дода, дар хусуси ихтихобаш ба Шӯрои Ассамблеяи халқи Қазоқистон, кори Маркази тоҷикон, дастоварду эҳтиёҷоти тоҷикони ин кишвар ва нақшаҳои минбаъда пурсон шуда буд, ки тавассути пайванди зерин метавонед онро мутолиа намоед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.