ВАО: Дар ҷашни Рӯзи Ғалаба танҳо як роҳбари давлат ба Маскав меояд

Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ягона роҳбари давлати хориҷие хоҳад буд, ки рӯзи 9 май барои иштирок дар чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Ғалаба ба Маскав меояд. Дар ин бора “Ведомости” хабар медиҳад. Ба иттилои нашрия, ӯро ба пойтахти Русия охири моҳи март муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук даъват кардааст. Оверчук дар ҳукумати Русия ба бахши муносибатҳои […]

Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ягона роҳбари давлати хориҷие хоҳад буд, ки рӯзи 9 май барои иштирок дар чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Ғалаба ба Маскав меояд. Дар ин бора “Ведомости” хабар медиҳад.

Ба иттилои нашрия, ӯро ба пойтахти Русия охири моҳи март муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук даъват кардааст. Оверчук дар ҳукумати Русия ба бахши муносибатҳои байнулмилалӣ масъул аст.

“Мо албатта, ҳамеша дар хотир дорем, ки мардуми Қирғизистон барои ноил шудан ба ин ғалаба ва ҳимояи Маскав чӣ саҳм гузошт, ин барои мо муқаддас аст”, – изҳор доштааст Оверчук зимни изҳори назар доир ба ин сафари Жапаров.

Рӯзноманигорон огаҳӣ ёфтаанд, ки дар ҷараёни сафари Садир Жапаров дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Русия Владимир Путин ба нақша гирифта шудааст.

Дар бораи ҷузъиёти сафар нашрия маълумот намедиҳад.

Соли 2022 барои ҷашни Рӯзи Ғалаба ягон роҳбари давлати хориҷӣ ба Маскав наомада буд. Дар Кремл изҳор дошта буданд, ки роҳбарони давлатҳои хориҷиро даъват накардаанд, менависад Медуза.

“Ин санаи ҷашнӣ нест. Ин иди мост, иди муқаддас барои тамоми Русия ва ҳамаи русиягиҳост”, – гуфта буд он замон сухангӯӣ президенти Русия Дмитрий Песков.

Имсол дар як қатор минтақаҳои Русия тасмим гирифтаанд, ки “бо назардошти вазъи амният аз гузашти низомӣ ба ифтихори Рӯзи Ғалаба” даст кашидаанд.

Ғайр аз ин, дар Маскав раҳпаймоии “Полки ҷовидон” (Бессмертный полк) низ гузаронида намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.