Раёсати кофтукови ҷиноятӣ: Соҳиби саҳифаи “Рустами Эмомалӣ” дар “Фейсбук” дар кофтуков аст

Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як огоҳинома гуфтааст, саҳифае, ки дар “Фейсбук”  аз номи Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баромад мекунад, тақаллубӣ (фейк) буда,  соҳиби он дар кофтуков қарор хоҳад гирифт. Саҳифаи расмии Раёсат дар “Фейсбук” навиштааст, ки  ин саҳифа ба Рустами Эмомалӣ рабте надорад […]

Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як огоҳинома гуфтааст, саҳифае, ки дар “Фейсбук”  аз номи Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баромад мекунад, тақаллубӣ (фейк) буда,  соҳиби он дар кофтуков қарор хоҳад гирифт.

Саҳифаи расмии Раёсат дар “Фейсбук” навиштааст, ки  ин саҳифа ба Рустами Эмомалӣ рабте надорад ва ҳамаи интишороти он аз ҷониби шахси номаълуме мунташир гаштааст.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз шарҳу тавзеҳот ва густариши аккаунти мазкур худдорӣ намоянд.

“Ба хотири мувоҷеҳ нашудан ба ҳаводиси номатлуб, эҳтироман аз Шумо хоҳиш мекунем, ки аз шарҳу тавзеҳот ва густариши аккаунти мазкур худдорӣ намоед”, – омадааст дар эълони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД.

Онҳо гуфтаанд, ки “соҳиби аккаунти мазкур тибқи қонунгузорӣ мавриди пайгард қарор хоҳад гирифт”.

Ин бори авал нест, ки мақомот аз боз шудани саҳифаҳои қалбакӣ ба номи Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушдор медиҳанд ва дастандакорони онро ҷустуҷӯ мекунанд.

Қаблан низ шаҳрдории Душанбе гуфта буд, ки дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” аз номи Рустам Эмомалӣ камубеш се саҳифа ифтитоҳ шудааст, ки ҳамаашон қалбакӣ мебошанд.

Он замон, ҳукумати шаҳр аз ВКД дархост карда буд, ки дар муайян кардани созмондиҳандагрони ин саҳифа ва мақсади онҳо бо шаҳрдорӣ ҳамдастӣ кунад.

Маълум мешавад, ки то ҳол соҳиби ин саҳифа маълум ва дастгир нашудааст.

Шаҳрдории пойтахт гуфта буд, ки Рустам Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа надорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.