Борону раъду барқ ва поинравии ҳарорат. Обуҳавои рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик обуҳавои номусоидро дар ҷумҳурӣ пешгӯӣ мекунад. Имрӯз ва пагоҳ ба ҷуз ВМКБ, дар саросари кишвар борону раъду барқ ва жола пешбинӣ мешавад. Дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳӣ фаромадани сел ва дар дарёҳои Яхсу, Қизилсу (ғарбӣ), рӯдхонаҳои доманакӯҳи қаторкӯҳи Ҳисор болоравии сатҳи об дар назар аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз […]

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик обуҳавои номусоидро дар ҷумҳурӣ пешгӯӣ мекунад. Имрӯз ва пагоҳ ба ҷуз ВМКБ, дар саросари кишвар борону раъду барқ ва жола пешбинӣ мешавад.

Дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳӣ фаромадани сел ва дар дарёҳои Яхсу, Қизилсу (ғарбӣ), рӯдхонаҳои доманакӯҳи қаторкӯҳи Ҳисор болоравии сатҳи об дар назар аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносӣ.

Дар давраи аз рӯзи 18 то 21 май дар вилояти Хатлон обуҳавои тағйирёбанда, боронҳои кӯтоҳмуддат, эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 29-34 дараҷа, дар доманакӯҳҳо шабона 9-14 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.

Ин рӯзҳо дар вилояти Суғд низ обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар баландии зиёда аз 2500 метр барф меборад. Ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавои тағйирёбандаи абрнок ва шаби 18 ба 19 май дар водиҳо борони кӯтоҳмуддати пушиддат бо раъду барқ ва жола пешбинӣ шудааст. Аз 19 то 21 май дар водиҳои ин минтақа боришот дар назар нест. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад, боридани борон ва поинравии ҳарорат пешгӯӣ мешавад.

Дар ВМКБ низ обуҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар буда, дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 7-2 дараҷа ва рӯзона 19-24 драҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳарорат шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.