“Бо сабабҳои гуногун ба кор ҳозир намешаванд”. Чаро дар Тоҷикистон муаллим намерасад?

Икром Субҳонзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм сабабҳои норасоии омӯзгоронро дар Тоҷикистон шарҳ дода, гуфтааст, хатмкунандагони ихтисоси омӯзгорӣ қисме бесабаб ва қисме дигар бо сабабҳои гуногун ба ҷои кор ҳозир намешаванд. Субҳонзода дар мусоҳибае бо нашрияи “Садои мардум” гуфтааст, дар беш аз 10 донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон мутахассисони равияи омӯзгорӣ омода мешаванд, вале […]

Икром Субҳонзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм сабабҳои норасоии омӯзгоронро дар Тоҷикистон шарҳ дода, гуфтааст, хатмкунандагони ихтисоси омӯзгорӣ қисме бесабаб ва қисме дигар бо сабабҳои гуногун ба ҷои кор ҳозир намешаванд.

Субҳонзода дар мусоҳибае бо нашрияи “Садои мардум” гуфтааст, дар беш аз 10 донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон мутахассисони равияи омӯзгорӣ омода мешаванд, вале “нақшаҳои пешбинишуда амалӣ намешавад”.

“Қисме аз хатмкардагони равияи омӯзгорӣ бе сабаб ва қисми дигар бо сабабҳои таҳсил дар зинаи магистратура, хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баргардонидани маблағи таҳсил, дипломи аъло, ба шавҳар баромадан, рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини кӯдак ба ҷои кор ҳозир нашудаанд”, – шарҳ додааст Икром Субҳонзода.

Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм гуфтааст, ҳар сол ихтисос ва равияҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишварро ба ҳисоби миёна 21 ҳазор нафар хатм мекунанд.

Ба таъкиди номбурда, аз ин теъдод 8,5 то 9 ҳазор нафарашон хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷетӣ ҳастанд.

“Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ доранд, дар доираи нақшаҳои пешбинишуда амалӣ намешавад”, – гуфтааст Субҳонзода.

Икром Субҳонзода таъкид кардааст, ки агар сафарбарнамоии хатмкунандагон ва назорати ба ҷои кор ҳозиршавии онҳо дуруст ба роҳ монда шавад, метавонад пурра норасоии кадрҳои омӯзгориро бартараф намояд.

Бояд гуфт, ки норасоии кадрӣ дар мактаб ва донишгоҳҳои кишвар яке аз масъалаҳои доғи маориф дар Тоҷикистон аст. Солҳост, ки омӯзгорони тоҷик тарки кор карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

Пештар Вазорати мориф ва илми Тоҷикистон теъдоди мушаххаси норасоии кадрӣ дар соҳаи маорифро расонаӣ мекард, вале дар нишасти охири ин ниҳод дар моҳи феврал Саид Раҳимзода, вазири мориф ва илм, аз пешниҳоди ин омор ба рӯзноманигорон худдорӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт мутахассисони равияи омӯзгориро омода мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.