Пас аз афзоиши босуръат дар моҳи март болоравии нархҳо дар Тоҷикистон муътадил шуд

Пас аз афзоиши босуръат дар моҳи март сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон ба сатҳи ду моҳи аввали имсол баргашт. Бино ба маълумоти Агентии омори кишвар, моҳи гузашта нархҳои чакана 0,5% боло рафтанд. Аз ҷумла, маҳсулоти хӯрокворӣ 0,9%, маҳсулоти ғайриозуқа – 0,4% боло рафта, хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ, баръакс – 0,2% поин рафтанд. Ёдрас мекунем, […]

Пас аз афзоиши босуръат дар моҳи март сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон ба сатҳи ду моҳи аввали имсол баргашт.

Бино ба маълумоти Агентии омори кишвар, моҳи гузашта нархҳои чакана 0,5% боло рафтанд. Аз ҷумла, маҳсулоти хӯрокворӣ 0,9%, маҳсулоти ғайриозуқа – 0,4% боло рафта, хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ, баръакс – 0,2% поин рафтанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли равон афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар муқоиса бо моҳҳои январ ва феврал ду баробар – 0,9% боло рафт. Дар ду моҳи пешина нархҳо мутаносибан ба андозаи 0,5% ва 0,4% зиёд шуда буданд.

Дар маҷмӯъ, дар зарфи 4 моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар кишвар 2,3%-ро ташкил дод, ки 0,1 банди фоизӣ поинтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст.

Нархҳо ба маҳсулоти озуқаворӣ аз оғози сол ба андозаи 3,9%, маҳсулоти ғайриозуқа – 1,6% боло рафта, тарифҳо ба хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ба миқдори 0,4% коҳиш ёфтанд.

Ҳукумат сатҳи таваррумро барои соли 2023 ба мисли чанд соли ахир дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) нигоҳ доштан мехоҳад. Коршиносони Бонки авруосиёии рушд низ сатҳи таваррумро қариб дар ҳамин сатҳ пешгӯӣ мекунанд.

Соли 2022 нархҳои истеъмолӣ дар кишвар дар сатҳи рекордии паст – 4,2% боло рафтанд, ки 3,8 банди фоизӣ пасттар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2022 аст. Мутахассисони Хазинаи байнулмилалии асъор дар гузориши чанде қабли худ инро тариқи зайл шарҳ доданд: поинравии босуръати таваррум дар Тоҷикистон болоравии қурби пули миллӣ, сиёсати қатъии пуливу қарзӣ ва таъсири дигар тадбирҳо ба мисли озодшавии захираҳои стратегии хӯрокворӣ, коҳиши меъёри андоз ба арзиши иловашуда ба 3 банди фоизӣ ва сатҳи баланди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ифода мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.