Фавти бемор. Насибу тақдир ё хатои касбии духтурон?

Чанде пеш Додситонии шаҳри Душанбе як нафар духтур-ҷарроҳи Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббиро барои бе зарурат таъин ва гузаронидани доруи “Лидаза” ба бемор – духтари 17-сола, ки боиси марг шудааст, боздошт ва алайҳи ӯ бо ҷурми “номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ, ки боиси марги шахс шудааст” парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. Ин ҳодиса вокуниши ҷомеаро барангехт […]

Чанде пеш Додситонии шаҳри Душанбе як нафар духтур-ҷарроҳи Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббиро барои бе зарурат таъин ва гузаронидани доруи “Лидаза” ба бемор – духтари 17-сола, ки боиси марг шудааст, боздошт ва алайҳи ӯ бо ҷурми “номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ, ки боиси марги шахс шудааст” парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Ин ҳодиса вокуниши ҷомеаро барангехт ва чандин нафар аз касбияти духтурон ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, хостори беҳбуди соҳа шуданд.

Дар пайи ин ҳодиса, ба “Азия-Плюс” марде шикоят кард, ки занаш пас аз ҷарроҳии пластикӣ қариб ду моҳ дар бемористон бистарӣ гардида, оқибат вафот кардааст. Ин мард даъво дорад, ки занаш бо айби духтур вафот кардааст, аммо он табиб озодона ба кораш идома медиҳад. Шавҳари маҳрум мехоҳад он духтур ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Боз киҳо ва аз кадом сабаб аз духтурон шикоят доранд? Чаро чунин ҳолатҳо дар соҳаи тандурустӣ ҷой доранд? Чаро имрӯз бархе духтурон ба бемор на ба ҳайси корафтода, балки чун “муштарӣ” бархӯрд мекунанд? Мутахассисони ботаҷриба бо кадом сабабҳо тарки соҳа мекунанд? То кадом андоза мактаби тиббии замоне пурнуфузи Тоҷикистон имрӯз нуфузашро аз даст медиҳад? Чӣ бояд кард?

Дар нашри навбатии ток-шоуи “Рости гап” мо талош кардем ба ин ва дигар саволҳои муҳим посух ёбем.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.