Таҳдиди 110 соли зиндон ба Камол Қиличдороғлу – рақиби Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Ба Камол Қиличдароғлу, раҳбари мухолифини Туркия ва рақиби Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури феълӣ дар интихоботи моҳи май, 110 соли зиндон таҳдид мекунад. Ба навиштаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”-и Туркия, алайҳи Қиличдароғлу 28 даъво ворид шудааст. Қаблан тафтишоти як қатор парвандаҳои алайҳи ӯ бинобар дахлнопазирии вакилӣ мутаваққиф шуда буд, аммо дар пайи натоиҷи интихоботи моҳи май Қиличдароғлу вориди […]

Ба Камол Қиличдароғлу, раҳбари мухолифини Туркия ва рақиби Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури феълӣ дар интихоботи моҳи май, 110 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ба навиштаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”-и Туркия, алайҳи Қиличдароғлу 28 даъво ворид шудааст. Қаблан тафтишоти як қатор парвандаҳои алайҳи ӯ бинобар дахлнопазирии вакилӣ мутаваққиф шуда буд, аммо дар пайи натоиҷи интихоботи моҳи май Қиличдароғлу вориди порлумон нашуд ва дахлнопазирии худро аз даст дод.

Ҳамакнун, алайҳи Қиличдароғлу аксар даъвоҳоро раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон пешниҳод кардааст. Эрдуғон рақиби пешини худро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам кардааст. Барои ҳар як даъво ба Қиличдороғлу то 4 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории русии ТАСС бо такя ба манобеи худ менависад, ки сиёсатшиносони турк эҳтимоли ба ҷавобгарӣ кашидани раҳбари мухолифинро ночиз медонанд, чун ин метавонад боиси ноором шудани вазъи сиёсӣ дар кишвар гардад.

Интихоботи президентии Туркия миёнаҳои моҳи майи соли 2023 баргузор шуд. Дар даври аввал Эрдуғон 49,35% ва Қиличдароғлу 45% овозҳоро ба даст овардаанд. Барои пирӯзӣ ба Эрдуғон беш аз 50 дарсади оро лозим буд, аз ин рӯ даври дуввум баргузор шуд, ки натоиҷи онро Комиссияи марказии интихоботи Туркия рӯзи 28 май эълон кард. Эрдуғон 52,14 дарсади овозҳо ва Қиличдароғлу 47,86 дарсади ороро ба даст оварданд.

Рӯзи 24 май маълум шуд, ки номзади мухолифин ба мақоми раёсати ҷумҳурии Туркия Камол Қиличдароғлу бо иттиҳоми намоиши видеои қалбакӣ алайҳи раиси ҷумҳури феълӣ Эрдуғон ба додгоҳ шикоят бурдааст. Сухан дар бораи наворе меравад, ки дар он гӯё Қиличдароғлу аз раҳбарони Ҳизби коргарии Курдистон, ки дар Туркия мамнӯъ ва террористӣ эътироф шудааст, пуштибонӣ мекунад. Маблағи даъво 1 миллион лира (беш аз 50 000 доллар) аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.