Ҳама барои содирот! Тоҷикистон ба хориҷа чӣ қадар маҳсулоти кишоварзӣ мефурӯшад?

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон содироти маҳсулоти кишоварзӣ босуръат идома дорад. Дар сохтори содирот меваи хушк бартарӣ дошта, сабзавоти тару тоза, полезӣ ва меваҳои ҳам ҳосили нав ва ҳам соли гузашта, ки то ҳол дар анборҳои яхдон нигоҳ дошта мешуданд, бартарӣ доранд. Қобили зикр аст, ки дар 4 моҳи соли 2023 ягон кило пиёз ба хориҷа содир […]

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон содироти маҳсулоти кишоварзӣ босуръат идома дорад. Дар сохтори содирот меваи хушк бартарӣ дошта, сабзавоти тару тоза, полезӣ ва меваҳои ҳам ҳосили нав ва ҳам соли гузашта, ки то ҳол дар анборҳои яхдон нигоҳ дошта мешуданд, бартарӣ доранд.

Қобили зикр аст, ки дар 4 моҳи соли 2023 ягон кило пиёз ба хориҷа содир нашудааст, баръакс, ҳудуди 1,5 ҳазор тоннаро аз хориҷи кишвар оварданд. Содироти пиёз аз моҳи май асосан ба Қазоқистон ва Русия оғоз шуда, аммо ҳаҷми он ҳанӯз мушаххас нашудааст, зеро рақамҳо ҳар рӯз тағйир меёбанд.

Дар ин бора мақомоти дахлдор аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввал маълумот медиҳанд.

Аммо тибқи маълумоти пешакӣ, имсол содироти пиёз чандон зиёд нест. Дар нимаи дуюми сол ҳосили фаровон рӯёнида шуда, баъд нишондиҳандаҳои содирот ба таври назаррас беҳтар мешаванд. Инро аз он тахмин кардан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон имсол назар ба эхтиёҷот ду баробар зиёд ҳосили пиёз ба даст оварданианд.

Тоҷикистон чӣ миқдор маҳсулоти кишоварзӣ фурӯхт?

Аз рӯи натиҷаи 4 моҳи соли 2003, тибқи маълумоти Хадамоти гумрук ва Агентии содирот, меваи хушк аз ҳама бештар моли содиротӣ маҳсуб меёбад.

Байни онҳо маъмулан зардолуи хушк ҷои аввалро ишғол мекунад, ки содироти он беш аз 5,2 ҳазор тонна ба маблағи 3,6 млн долларро ташкил додааст.

Дар идома омехтаи меваҳои хушки гуногун (тақрибан 10 ҳазор тонна, 2,5 млн доллар), себи хушк, шафтолу, нок ва дигар меваҳо (беш аз 3,5 ҳазор тонна ба маблағи тақрибан 1,4 млн доллар), ангури хушк (қариб 1 ҳазор тонна тонна, 226 ҳазор доллар) ва олуқоқ (145 тонна, 97 ҳазор доллар) қарор доранд.

Дар мавқеи баъдӣ ангур қарор дорад, ки содироти он 8,3 ҳазор тонна ба маблағи 1,9 млн долларро ташкил додааст.

Аз ҳосили нав зардолуи тару тоза (беш аз 900 тонна, 307 ҳазор доллар) ва гелос (41 тонна, ҳудуди 107 ҳазор доллар) ба хориҷа содир шудааст.

Дар ин давра ба бозорҳои хориҷӣ беш аз 490 тонна лимӯи тару тоза фиристода шуда, даромади он ба ҳудуди 124 ҳазор доллар баробар шудааст.

Илова бар ин, Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ба маблағи беш аз 600 ҳазор доллар маҳсулоти чорводорӣ, 250 ҳазор доллар чормағзу писта, 185 ҳазор доллар арахис (финдуки заминӣ) фурӯхтааст.

Маблағи содироти дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ камтар аз 100 ҳазор долларро ташкил медиҳанд.

Дар мавсими нави кишоварзӣ дар Тоҷикистон парвариши тақрибан 3,5 миллион тонна сабзавоту зироатҳои полизӣ, беш аз 1,1 миллион тонна картошка, 500 ҳазор тонна мева ва 281 ҳазор тонна ангур ба нақша гирифта шудааст.

Дар фасли баҳор дар Тоҷикистон дар майдони 440 ҳазор гектар зироатҳои кишоварзӣ кошта шуд. Аз ин 180,4 ҳазор гектараш барои пахта ва майдонҳои боқимонда барои ғалла ва сабзавот пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.