Фармондеҳони “Азовстал” аз Туркия ба Украина баргаштанд

Рӯзи шанбе президенти Украина Владимир Зеленский дар шабакаи Telegram-и худ хабар дод, ки аз Туркия ҳамроҳ бо низомиёне бармегардад, ки “Азовстал”-ро ҳимоя карданду сипас тибқи табодул аз асорати Русия озод шуданд ва 10 моҳ дар Туркия қарор доштанд. "Аз Туркия ба хона ва қаҳрамонони худро ба ватан бармегардонем, – навиштааст Зеленский. – Сарбозони украинӣ Денис […]

Asia-Plus

Рӯзи шанбе президенти Украина Владимир Зеленский дар шабакаи Telegram-и худ хабар дод, ки аз Туркия ҳамроҳ бо низомиёне бармегардад, ки “Азовстал”-ро ҳимоя карданду сипас тибқи табодул аз асорати Русия озод шуданд ва 10 моҳ дар Туркия қарор доштанд.

"Аз Туркия ба хона ва қаҳрамонони худро ба ватан бармегардонем, – навиштааст Зеленский. – Сарбозони украинӣ Денис Прокопенко, Святослав Паламар, Сергей Волинский, Олег Хоменко, Денис Шлега дар ниҳояти кор ба назди оила ва пайвадони худ бармегарданд".

Дар шабакаи Telegram-и Зеленский инчунин навори видеое нашр шудааст, ки дар он вай низомиёнро дар фурудгоҳ пешвоз гирифта, сипас онҳо ба ҳавопаймои президент савор мешаванд.

Тавре ки ВВС хабар медиҳад, бар асоси созишномае, ки бо миёнравии президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба имзо расида буд, панҷ фармондеҳи украинӣ бояд то анҷоми ҷанг “дар амн ва роҳати комил” дар Туркия мемонданд, аммо зоҳиран президент Зеленский ҳамтои туркии худро мутақоид кардааст, ки онҳоро ба ватан баргардонад.

Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков бозгашти фармондеҳон аз «Азовстал» ба Украинаро "комилан риоя накардани созишномаҳои мавҷуда миёни Маскав, Киев ва Анқара" номид.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҷониби Русия дар бораи бозгашти фармондеҳони "Азовстал" ба Украина чизе хабар надодаанд.

“Шартҳои бозгашт ҳам аз ҷониби Туркия ва ҳам аз ҷониби Киев риоя нашуданд. Тибқи шартҳои созишнома, раҳбарони “Азов” мебоист то анҷоми низоъ дар Туркия мемонданд”, – гуфтааст Песков.

Песков ин ҳолатро натиҷаи фишор ба Туркия аз ҷониби НАТО арзёбӣ кард.

“Маълум аст, ки омодагӣ ба нишасти НАТО идома дорад ва албатта, дар заминаи ин омодагӣ ба Туркия фишори бузурге сурат гирифт. Ва худи Туркия, албатта, ҳамчун узви НАТО ба ин васила ҳамраъйии худро бо ин созмон нишон медиҳад. Мо инро хуб мефаҳмем”, — иброз доштааст ӯ.

Туркия бо НАТО дар масъалаҳои дигар – аз пайвастан ба таҳримҳои зидди Русия то қабули Шветсия ба ин эътилоф – ихтилофи зиёд дорад ва дар мавриди онҳо чунин гузаштҳо намекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.