Ҷасади ҳама қурбониёни садама дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ пайдо ва ба хок супорида шуд

Ҷасади ду тифли дигаре, ки бар асари садамаи нақлиётии пурсарусадо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар дарёи Вахш ғарқ шуда буданд, пайдо ва ба хок супорида шуданд. Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки ҷасади Барнои 6-сола ва Фаридуни 4-соларо ҳам ахиран аз дарёи Вахш пайдо карда, ба хонаводаашон супоридаанд, то ба […]

Ҷасади ду тифли дигаре, ки бар асари садамаи нақлиётии пурсарусадо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар дарёи Вахш ғарқ шуда буданд, пайдо ва ба хок супорида шуданд.

Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки ҷасади Барнои 6-сола ва Фаридуни 4-соларо ҳам ахиран аз дарёи Вахш пайдо карда, ба хонаводаашон супоридаанд, то ба хок супоранд.

Бояд гуфт, ки дар пайи ин садама, ки рӯзи 21-уми июл рух дод, дар маҷмӯъ 6 нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштааст.

Аз ҳалокшудагон 5 нафарашон узви як хонавода будаанд.

Онҳо Тухтарой Мустафоқуловаи 65-сола, Бибизайнаб Гулмирзоеваи 26-сола, Барно Юлдошеваи 6-сола, Фаридун Юлдошеви 4-сола ва Лайло Юлдошеваи 1-сола будаанд.

Ҳамин тавр, ронандаи нақлиёт Диловар Давлатов дар пайи ин садама ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ронанда ва се тани дигар қаблан ёфт шуда ва ба хок супорида шуда буданд.

Мусофирони дигари автомашинаи мазкур – Ҷӯрабек Менгиқулов ва Ҳусейн Менгиқулов, сокинони ноҳияи Ёвон дар пайи ин ҳодиса ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 21-уми июл бар асари ба дарё сарозер шудани як мошин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ронанда ва 5 тан аз мусофиронаш ба ҳалокат расиданд. Баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ин садама бо шарҳи ин ки он бо таъқиби маъмурони БДА рух додааст, нашр шуд.

Бо гузашти чанд рӯз аз ҳодиса, Вазорати корҳои дихилии Тоҷикистон дар пайи таъқиби кормандони БДА ба дарё афтодани мошин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро рад кард.

Ҳамин тавр, рӯзи 26-уми июл муовини додситони вилояти Хатлон Валӣ Ваҳҳобов зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки “ҳодисаро айни замон прокуратураи вилоят таҳқиқ дорад”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.