Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар Данғара баргузор мешавад

Имсол мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон моҳи октябр дар ноҳияи Данғара баргузор мегардад. Дар ин бора “Варзиш ТВ” иттилоъ додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ин мусобиқаи 10-уми байналмилалӣ оид ба ҷудо мебошад ва он ду рӯз – 4 ва 5-уми октябр баргузор мегардад. Дар он варзишгарони тоҷику хориҷа барои дарёфти Ҷоми […]

Имсол мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон моҳи октябр дар ноҳияи Данғара баргузор мегардад. Дар ин бора “Варзиш ТВ” иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин мусобиқаи 10-уми байналмилалӣ оид ба ҷудо мебошад ва он ду рӯз – 4 ва 5-уми октябр баргузор мегардад.

Дар он варзишгарони тоҷику хориҷа барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.

“Мусобиқа аз рӯи 7 категорияи вазнӣ байни мардон: 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81 кг, 90 кг, 100 кг, +100 кг ва 3 вазн байни занон: 52 кг, 57 кг ва -63 кг доир мегардад. Барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ даъват шудаанд”, – менависад манбаъ.

Ғолибон бо медалу ҷоизаҳои пулӣ: ҷои якум – 27 ҳазору 500 сомонӣ, ҷои дуюм – 16 ҳазору 500 сомонӣ ва ду ҷои сеюм бо 11 ҳазор 000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ёдовар мешавад, ки мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо аз соли 2013 доир мешавад ва соли гузашта он рӯзҳои 19-20-уми сентябри соли 2022 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд​ баргузор гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.