СММ: зиёда аз 423 ҳазор нафар сокинони Навори Ғазза хонаҳояшонро тарк карданд

Теъдоди шахсони дар дохил ба дигар ҷой кӯчида (онҳое, ки бар асари даргириҳо маҷбуран хонаҳои худро тарк кардаанд) дар навори Ғазза ба 423 ҳазору  378 нафар расидааст, хабар медиҳад "Коммерсант" бо такя ба Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи СММ. Стефан Дюжаррик, намояндаи расмии дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, беш аз 2,5 ҳазор хона дар Ғазза […]

Теъдоди шахсони дар дохил ба дигар ҷой кӯчида (онҳое, ки бар асари даргириҳо маҷбуран хонаҳои худро тарк кардаанд) дар навори Ғазза ба 423 ҳазору  378 нафар расидааст, хабар медиҳад "Коммерсант" бо такя ба Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи СММ.

Стефан Дюжаррик, намояндаи расмии дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, беш аз 2,5 ҳазор хона дар Ғазза ба тавре тахриб ё осеб дидаанд, ки дигар дар онҳо зиндагӣ кардан ғайриимкон аст.

Ба гуфтаи ӯ, дастикам 88 муассисаи таълимӣ мавриди зарба қарор гирифтаанд.

"Тақрибан 23 ҳазор хонаи дигар осеби миёна ё сабук дидаанд", – иброз доштааст ӯ дар брифинг.

СММ ҳамчунин даъват кардааст, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти таъҷилии сокинони Навори Ғазза ва Соҳили ғарбии дарёи Урдун 294 млн доллар ҷудо карда шавад.

Сарфи ин маблағ барои кӯмак ба беш аз 1,2 миллион нафар дар ин қаламравҳо пешбинӣ гардидааст.

Ҷанг миёни Исроил ва ҳаракати фаластинии Ҳамос аз 7 октябр ба ин сӯ идома дорад.

Исроил аз кушта шудани беш аз 1,3 ҳазор нафар ва Фаластин – тақрибан 1,5 ҳазор нафар хабар доданд. Исроил интиқоли нерӯи барқ ​​ва обро ба навори Ғазза қатъ карда, аз барқарор кардани он то замони баргардонидани маҳбусони Ҳамос худдорӣ мекунад.

Созмони Милали Муттаҳид амалҳои мақомоти Исроилро танқид кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.