Қоҳир Расулзода вориди Бишкек шуд

Имрӯз, 26-уми октябр, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар Бишкек баргузор мешавад, ба Қирғизистон сафар кард. Қоҳир Расулзодаро дар фурудгоҳи Бишкек ҳамтои қирғизаш муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Бақит Торобоев пешвоз гирифт. Ҳамчунин, ба Бишкек барои иштирок дар ин ҷаласа роҳбарони ҳукуматҳои […]

Имрӯз, 26-уми октябр, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар Бишкек баргузор мешавад, ба Қирғизистон сафар кард.

Қоҳир Расулзодаро дар фурудгоҳи Бишкек ҳамтои қирғизаш муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Бақит Торобоев пешвоз гирифт.

Ҳамчунин, ба Бишкек барои иштирок дар ин ҷаласа роҳбарони ҳукуматҳои Беларус, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Русия, Ӯзбекистон, ноиби раиси ҷумҳури Эрон, муовини сарвазири Туркманистон, вазирони корҳои хориҷии Ҳиндустон ва Покистон низ ташриф овардаанд.

Мавзӯи асосии ҷаласаи 22-юми Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баррасии масъалаҳои такмили ҳуҷҷатҳои консептуалии қаблан қабулшуда гуфта мешавад.

Инчунин, дар назар аст, ки барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодии давлатҳои аъзои созмон то соли 2035 низ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Дар ҷаласаи охирини Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Ҳиндустон баргузор шуд, Стратегияи ҳамкории иқтисодӣ то соли 2030 қабул гардида буд.

Иштирокдорони ҷаласаи имрӯза доир ба такмили мундариҷаи ин ду ҳуҷҷати барномавӣ мубодилаи афкор менамоянд.

Дар назар аст, ки дар доираи ин ҷаласа мулоқоти Президенти Қирғизистон бо сарвазирон ва ҳайатҳои кишварҳои аъзои СҲШ баргузор гардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.