Дар Қазоқистон нархи гази моеъ боло рафт. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир метавонад расонад?

Дар Қазоқистон тадриҷан нархи чаканаи гази моеъ то сатҳи арзиши истеҳсоли он афзоиш меёбад. Дар ин бора вазири энергетикаи ин кишвар Алмасадам Сатқалиев хабар дод. Тавре Zakon.kz хабар медиҳад, вазир борҳо таъкид кардааст, ки дар кишвар истифодаи гази моеъ ҳамчун сӯзишворӣ барои мошин ба таври назаррас афзоиш меёбад. “Айни замон гази моеъ ба бозори дохилӣ […]

Дар Қазоқистон тадриҷан нархи чаканаи гази моеъ то сатҳи арзиши истеҳсоли он афзоиш меёбад. Дар ин бора вазири энергетикаи ин кишвар Алмасадам Сатқалиев хабар дод.

Тавре Zakon.kz хабар медиҳад, вазир борҳо таъкид кардааст, ки дар кишвар истифодаи гази моеъ ҳамчун сӯзишворӣ барои мошин ба таври назаррас афзоиш меёбад.

“Айни замон гази моеъ ба бозори дохилӣ бо нархи арзонтар ворид мешавад. Аз ин рӯ, истеҳсолкунандагон барои интиқоли он ҳавасманд нестанд”, – гуфт Сатқалиев.

Гузашта аз ин, гази моеъ ҳамчун ашёи хом барои лоиҳаҳои бузурги нафту кимиё истифода мешавад.

Ба гуфтаи вазир, аз он бояд хулоса баровард, ки гази моеъ маҳсулоти нодирест, ки махсус барои саноати нафту кимиё, барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва арзиши иловашуда мусоидат мекунад.

Вай қайд кард, ки дар ин замина якбора боло рафтани нархи гази моеъро тавассути кам кардани содироти он метавон пешгирӣ кард.

Вазир таъкид кард, ки ҳоло дар маҷмӯъ дар Қазоқистон нархи як литр гази моеъ аз 50 то 80 танга (аз 0,10 то 0,17 доллар) аст, аммо арзиши истеҳсолии он на камтар аз 110 танга (0,23 доллар барои 1 литр) мебошад.

“Аммо мо нақша надорем, ки нархро фавран муқаррар кунем, яъне тадриҷан боло меравад”, – гуфт ӯ.

Қаблан Сатқалиев ба шаҳрвандон тавсия дода буд, ки дар мошинҳои худ таҷҳизот ӣарои гази моеъ насб накунанд, зеро нархи он барои давомдор арзон нахоҳад буд.

Ронандагони тоҷикро чӣ интизор аст?

Қазоқистон содиркунандаи аслии гази моеъ ба Тоҷикистон аст. Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати кишвар, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 73 дарсади ин маводи сӯхт аз Қазоқистон, қариб 25 дарсад аз Русия ва ҳудуди 2 дарсад аз Ӯзбекистон ворид шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар шаш моҳ 14 ширкат ба ҷумҳурӣ ҳудуди 170 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ ба маблағи 68,2 миллион доллар ворид кардаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, беш аз 60 дарсади мошинҳо дар Тоҷикистон бо гази моеъ ҳаракат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар як моҳи ахир нархҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон беш аз 30% – аз 6,10 сомонӣ барои 1 литр дар аввали моҳ то 8 сомонӣ боло рафтаанд.

Намояндагони сохторҳои дахлдор болоравии нархи гази моеъро бо боло рафтани қимати он дар кишварҳои содиркунанда рабт доданд.

Дар баробари боло рафтани қимати гази моеъ, дар нуқтаҳои фурӯш онро пайдо кардан ҳам душвор шудааст. Ронандагон аз он шикоят мекунанд, ки дар ҷустуҷӯи ин навъи сӯзишворӣ аз як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба нуқтаи дигари сӯзишворӣ саргардон шуда, дар навбат меистанд.

Аввалин шуда ба болоравии нархҳо кирокашҳои хусусӣ (кирокашҳои 5-сомона) вокуниш нишон доданд, ки роҳкироро то 10 сомонӣ боло бурданд. Нархи сафар аз пойтахт ба баъзе манотиқи наздик низ 3-5 сомонӣ боло рафтааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки дар оянда чӣ мешавад, аммо ба далели мамнӯъ шудани содироти газ аз Қазоқистон ва мушкили маводи сӯхт дар Русия натанҳо ба Тоҷикистон, балки кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ воридоти гази моеъ кам гардид. Ба ин тартиб, коршиносон афзоиши қимати ин навъи маводи сӯхт дар кишварҳои воридкунанда, аз ҷумла Тоҷикистонро интизоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.