Эмомалӣ Раҳмон пас аз Маскаву Минск ба Боку рафт

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-уми ноябр бо як сафари корӣ аз Минск, пойтахти Белорус, ки мизбони нишасти сарони кишварҳои узви СПАД буд, ба Боку, пойтахти Озарбойҷон сафар кард. Ӯ дар саммити барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисоди Осиёи Марказӣ (SPECA) ширкат хоҳад кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад. […]

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-уми ноябр бо як сафари корӣ аз Минск, пойтахти Белорус, ки мизбони нишасти сарони кишварҳои узви СПАД буд, ба Боку, пойтахти Озарбойҷон сафар кард. Ӯ дар саммити барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисоди Осиёи Марказӣ (SPECA) ширкат хоҳад кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Боку Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми сарвазири Озарбойҷон Яъқуб Аюбов, муовини вазири корҳои хориҷӣ Самир Шарифов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Барои вохӯрӣ майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, афсарони Горди фахрӣ саф ороста буданд.

Бояд гуфт, ки барномаи SPECA моҳи марти соли 1998 бо мақсади мусоидат ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳамгироии кишварҳои минтақа ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст. Иштирокчиёни барнома Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон мебошанд.

Президентҳои Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон Содир Жапаров ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштироки худро дар ин ҳамоиш тасдиқ карданд.

Саммити мазкур таҳти раёсати Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мегузарад.

Ҳпафтаномаи “Независимая газета” менависад, ки ин нахустин мулоқоти раҳбарони кишварҳои СПЕКА аз замони таъсисаш дар моҳи марти соли 1998 мебошад, ки дар сатҳи роҳбарони давлатҳо баргузор мешавад. Машваратҳои қаблӣ дар сатҳи намояндагони вазоратҳо ва гурӯҳҳои коршиносӣ баргузор мешуданд. Дар оғоз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомили ин барнома буданд, баъдтар Туркманистон, Озарбойҷон ва Афғонистон ба ин барнома шомил шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.