Аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ мусоидат ба вусъати корҳо дар лоиҳаи CASA-1000 дархост шуд

Дар доираи Конфронс бахшида ба иқлим дар шаҳри Дубай вазирони энергетикаи Тоҷикистону Қирғизистон ва Покистон доир ба баррасии рафти татбиқи лоиҳаи минтақавӣ оид ба интиқол ва савдои неруи барқ — CASA-1000 мулоқот баргузор намуданд. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки сохтмони иншооти ин лоиҳаи бузург дар қаламрави Тоҷикистону […]

Дар доираи Конфронс бахшида ба иқлим дар шаҳри Дубай вазирони энергетикаи Тоҷикистону Қирғизистон ва Покистон доир ба баррасии рафти татбиқи лоиҳаи минтақавӣ оид ба интиқол ва савдои неруи барқ — CASA-1000 мулоқот баргузор намуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки сохтмони иншооти ин лоиҳаи бузург дар қаламрави Тоҷикистону Покистон ва Қирғизистон дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дастгирии дастаҷамъонаи худро барои оғози ҳарчи зудтари марҳилаи истифодабарии тиҷоратии лоиҳа иброз намуданд.

“Дар ин самт, вазирон Изҳороти дахлдорро ба созмонҳои байналмилалии молиявӣ доир ба вусъатбахшии корҳо дар татбиқи лоиҳаи мазкур омода намуданд”, – омадааст дар хабар.

Дар хабар зикр намешавад, ки дар бораи вусъатбахшӣ маҳз ба кадом корҳо дар лоиҳа сухан меравад.

Ба гумони ғолиб, вазирони се кишвар мусоидат ҷиҳати барқарор намудани корҳо дар доираи лоиҳаи CASA-1000-ро дар қаламрави Афғонистон дархост кардаанд, зеро бидуни иштироки ин кишвар лоиҳа ҳеҷ маъние надорад.  

Дар лоиҳаи Central Asia – South Asia – 1000 (CASA-1000) сохтмони хати фаромарзии интиқоли барқ, ки тариқи он интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон сурат мегирад, пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки пас аз сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 мададрасонҳои байнулмилалӣ ин кишварро тарк карданд ва мутаносибан, ҳамаи корҳо оид ба сохтмони иншоот тибқи лоиҳаи CASA-1000 мутаваққиф шуданд.

Мададрасони асосии қисмати лоиҳаи CASA-1000 дар Афғонистон Бонки ҷаҳонӣ мебошад.

Ахиран дафтари муовини нахуствазири Амороти Исломии Афғонистон дар умури иқтисодӣ дар муроҷиати худ ба Бонки Ҷаҳонӣ хостааст, ки кор дар тамоми тарҳҳо дар кишвар аз сар гирифта шавад.

Қисматҳои лоиҳа дар Тоҷикистону Қирғизистон, тибқи маълумоти мақомоти энергетикии ин кишварҳо, барои истифода қариб омода буда, бунёди ҳамаи иншооти зарурӣ дар қаламрави Покистон низ то охири ҳамин сол ба охир мерасад.

Маросими расмии оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 моҳи майи соли 2016 бо иштироки сарони давлат ва ҳукуматҳои чор кишвари иштирокчии лоиҳа дар шаҳри Турсунзода баргузор шуд.

Арзиши умумии сохтмони хати интиқоли барқи мазкур бо масофаи 1,4 ҳазор километр дар маҷмӯъ ҳудуди 1,2 млрд долларро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.