ФФТ: “Овозаҳои даъвати Криштиану Роналду ба Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд”

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) даъвати футболбоз Криштиану Роналдуро ба Тоҷикистон ҳоло дар нақша надорад. Овозаҳои дар ин маврид паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд. Ноби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки  ин овозае беш нест, шояд оянда Федератсия ба ин кор машғул шавад, лекин айни […]

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) даъвати футболбоз Криштиану Роналдуро ба Тоҷикистон ҳоло дар нақша надорад. Овозаҳои дар ин маврид паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд.

Ноби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки  ин овозае беш нест, шояд оянда Федератсия ба ин кор машғул шавад, лекин айни замон дар ин бора ҳарф задан барвақт аст”.

Мухлисони футболи Тоҷикистон омадани футболбози маъруфро дар бозии охири марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ан-Наср” интизорӣ доштанд, аммо ӯ наомад.

Ҳарчанд бозӣ бидуни Роналду низ хеле хуб сурат гирифта бошад ҳам, аммо мухлисон изҳори таассуф доштанд, ки бо чашмони худ аз бозии футболбози машҳур лаззат бурда натавонистанд.

Қаблан футболбозони маъруфе чун Мишел Платини, Кристиан Карамбю, Давид Трезеге ва дигарон ба Тоҷикистон омада буданд.

Ба гуфти Ҷӯразода, “ФФТ дар оянда кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки футболбозони маъруф ба Тоҷикистон оянд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.